Ба русиягиҳои иштирокчии ҷанг дар Тоҷикистон мақоми собиқадор дода мешавад

Date:


Думаи давлатии Русия дар қироати дуюм лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонид, ки дар он ба шаҳрвандони Русия – иштирокчиёни даргириҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон додани мақоми собиқадор (ветеран)-и ҷанг пешбинӣ мешавад.

Дар шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур узви Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба масоили байнулмилалӣ Наталя Ермакова ба хабаргузории «Росбалт» изҳор кардааст, ки лоиҳаи қонун бо супориши президенти Русия таҳия гардида, «нисбат ба низомиёни Русия – иштирокчиёни даргириҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон дар давраҳои аз моҳҳои сентябр то ноябри соли 1992 ва аз моҳи феврали соли 1993 то декабри соли 1997 адолатро барқарор менамояд».

«Дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои ҷангӣ низомиён сарбаландона қарзи ҳарбии худро адо карда, мардонагиву ҷасорат ва қаҳрамонӣ зоҳир сохтанд. Аксари онҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд», – қайд кардааст Н. Ермакова.

Ба қавли Ермакова, дар сурати қабули қонуни мазкур, он аз 1-уми январи соли 2012 мавриди амал қарор гирифта, нисбат ба 23 ҳазору 520 нафар шаҳрвандон Русия татбиқ хоҳад шуд.

«Бо соҳиб шудан ба мақоми собиқадор иштирокчиёни даргириҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон аз имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ бархӯрдор мегарданд ва бо ин мақсад соли 2012 аз бюҷети давлатии Русия ҷудо кардани 719,1 млн. рубл пешбинӣ шудааст», – афзудааст намояндаи Думаи давлатии Русия.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...