Ба русиягиҳои иштирокчии ҷанг дар Тоҷикистон мақоми собиқадор дода мешавад

Думаи давлатии Русия дар қироати дуюм лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонид, ки дар он ба шаҳрвандони Русия – иштирокчиёни даргириҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон додани мақоми собиқадор (ветеран)-и ҷанг пешбинӣ мешавад. Дар шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур узви Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба масоили байнулмилалӣ Наталя Ермакова ба хабаргузории «Росбалт» изҳор кардааст, ки лоиҳаи қонун бо […]

Asia-Plus


Думаи давлатии Русия дар қироати дуюм лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонид, ки дар он ба шаҳрвандони Русия – иштирокчиёни даргириҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон додани мақоми собиқадор (ветеран)-и ҷанг пешбинӣ мешавад.

Дар шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур узви Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба масоили байнулмилалӣ Наталя Ермакова ба хабаргузории «Росбалт» изҳор кардааст, ки лоиҳаи қонун бо супориши президенти Русия таҳия гардида, «нисбат ба низомиёни Русия – иштирокчиёни даргириҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон дар давраҳои аз моҳҳои сентябр то ноябри соли 1992 ва аз моҳи феврали соли 1993 то декабри соли 1997 адолатро барқарор менамояд».

«Дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои ҷангӣ низомиён сарбаландона қарзи ҳарбии худро адо карда, мардонагиву ҷасорат ва қаҳрамонӣ зоҳир сохтанд. Аксари онҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд», – қайд кардааст Н. Ермакова.

Ба қавли Ермакова, дар сурати қабули қонуни мазкур, он аз 1-уми январи соли 2012 мавриди амал қарор гирифта, нисбат ба 23 ҳазору 520 нафар шаҳрвандон Русия татбиқ хоҳад шуд.

«Бо соҳиб шудан ба мақоми собиқадор иштирокчиёни даргириҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон аз имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ бархӯрдор мегарданд ва бо ин мақсад соли 2012 аз бюҷети давлатии Русия ҷудо кардани 719,1 млн. рубл пешбинӣ шудааст», – афзудааст намояндаи Думаи давлатии Русия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.