Хатмкардагони таълимгоҳҳои омӯзгорӣ ба додгоҳ кашида мешаванд

Донишҷӯёне, ки соли равон таълимгоҳҳои омӯзгории ҷумҳуриро дар бахшҳои бюҷетӣ хатм мекунанд, бояд ба давлат маблағи хароҷоти таҳсилро ҷуброн намоянд ё ба ҷойи кории пешниҳодшуда ҳозир шаванд. Соли равон 4 ҳазору 225 нафар донишҷӯён соҳиби касби омӯзгорӣ гардида, ҳамагӣ 2 ҳазору 574 (60,9%) нафарашон тибқи тақсимот ба ҷойи кор ҳозир шудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Фирӯз Умарзода


Донишҷӯёне, ки соли равон таълимгоҳҳои омӯзгории ҷумҳуриро дар бахшҳои бюҷетӣ хатм мекунанд, бояд ба давлат маблағи хароҷоти таҳсилро ҷуброн намоянд ё ба ҷойи кории пешниҳодшуда ҳозир шаванд.

Соли равон 4 ҳазору 225 нафар донишҷӯён соҳиби касби омӯзгорӣ гардида, ҳамагӣ 2 ҳазору 574 (60,9%) нафарашон тибқи тақсимот ба ҷойи кор ҳозир шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Зиёратшо Нарзуллоев иттилоъ дод, мӯҳлати ниҳоии мутобиқи тақсимот ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкардагон 10-уми октябри соли равон муқаррар шудааст. «Пас аз гузашти ин мӯҳлат аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ нисбат ба донишҷӯёни бахши бюҷетӣ, ки муқаррароти тақсимотро сарфи назар мекунанду ба ҷойи кор ҳозир намешаванд, ба додгоҳҳо ҷиҳати ҷуброни маблағи хароҷоти таҳсил аризаҳои даъвогӣ пешниҳод мегарданд», – қайд кард ӯ.

Ба қавли мутахассис, маъмулан ҳаҷми маблағи хароҷот барои таҳсили як нафар донишҷӯ дар муддати 5 сол 5-6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. «Хатмкардагони бахшҳои бюҷетии таълимгоҳҳои омӯзгорӣ бояд мутобиқи тақсимот ба ҷойи кории пешниҳодшуда дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир шаванд ё маблағи хаоҷоти таҳсилро ба давлат ҷуброн созанд», – гуфт номбурда.

Бино ба маълумоти Нарзуллоев, соли гузашта 253 нафар донишҷӯён ба ҷойҳои кории мутобиқи тақсимот пешниҳодшуда ҳозир нашуда, нисбат ба 247 нафари бо сабабҳои беузр ба ин амал дастзада ба додгоҳҳо аризаи даъвогӣ пешниҳод шудааст. «Пас аз ин танҳо 4 нафари онҳо ба ҷойи корӣ ҳозир шуда, 33 нафар маблағи хароҷоти таҳсилро пардохт намуданд ва баррасии даъво нисбат ба 210 нафар хатмкардаи дигар идома дорад», – афзуд корманди Вазорати маорифи кишвар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.