М. Кабирӣ: Интихоби дубораи ман тасмими раёсат ва вакилони анҷуман аст

Date:


Дар нишасти хабарӣ раиси тозаинтихоби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ дар ҷамъи рӯзномангорон изҳор кард, ки ба сифати раиси ҳизб дубора интихоб шудани ӯ тасмими раёсат ва вакилони анҷуман аст.

«Мутобиқи Оинномаи ҳизб пешбарии номзадҳо ба раисии ҳизб ҳуқуқи истисноии раёсат аст ва раёсат танҳо як нафар номазадро ба ин мансаб пешбарӣ менамояд», – гуфт М. Кабирӣ дар посух ба суол дар бораи пешбарӣ нагардидани дигар номзадҳо ба ин мансаб.

«Дар ҲНИТ 10 нафаре мавҷуданд, ки метавонанд ҳизбро идора кунанд. Бинобар назардошти вазъи ҷумҳуриву минтақа ва сарусадоҳои атрофи ҳизб, раёсат пешбарӣ кардани номзадии маро ба маснабаи раиси ҳизб мувофиқи мақсад донист. Аммо дар ҳизб шахсоне мавҷуданд, ки дар баробари ман метавонистанд ба ин вазифа пешбарӣ шаванд», – афзуд раиси ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки дар Анҷумани 9-уми ҲНИТ, ки рӯзи 24-уми сентябр доир гардид, Муҳиддини Кабирӣ барои чаҳор соли минбаъда раиси ҳизб интихоб гардид.

ҲНИТ ягона ҳизби тамоили динидошта дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Дар Тоҷикистон пас аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҲНИТ дуюмини ҳизби бонуфуз дар кишвар ба шумор меравад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....