БМТ: Поинравии қурби доллар ба омилҳои берунӣ вобаста аст

Бонки миллии Тоҷикистон роҷеъ ба поинравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ рӯзҳои ахир изҳорот  пахш кард. Поинравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллиро дар БМТ ба омилҳои берунӣ марбут медонанд. Хадамоти матбуоти БМТ менависад, «сарфи назар аз зуҳуроти шадиди омилҳои беруна, ки пеш аз ҳама дар коҳиши зуди намояҳои молиявӣ, қурби асъорҳои […]

Аваз Юлдошев


Бонки миллии Тоҷикистон роҷеъ ба поинравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ рӯзҳои ахир изҳорот  пахш кард.

Поинравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллиро дар БМТ ба омилҳои берунӣ марбут медонанд. Хадамоти матбуоти БМТ менависад, «сарфи назар аз зуҳуроти шадиди омилҳои беруна, ки пеш аз ҳама дар коҳиши зуди намояҳои молиявӣ, қурби асъорҳои ҷаҳонӣ, нархҳои дороиҳои гуногун таҷассум меёбад ва то дараҷае номуайяниро нисбати асъорҳои ҷаҳонӣ эҷод намуд, вазъи умумии бозори асъори дохилӣ ва нишондиҳандаҳои амалиётии он дар маҷмӯъ мӯътадил мебошанд».

«Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки бонкҳо, бахшҳои марбутаи онҳо ва нуқтаҳои мубодилаи асъор дар пешниҳоди хизматгузории амалиёти асъорӣ фаъолияти муқаррарии худро минбаъд идома медиҳанд ва мавриди зарурӣ ҷиҳати нигоҳдории устувории бозори дохилии асъор омода аст, ки чораҳои оҷилии дахлдорро андешад», – омадааст дар изҳорот.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта арзиши 1 доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор аз 4,90 сомонӣ то ба 4,60 сомонӣ поин рафт. Амалиёти муболилаи асъор на дар ҳама нуқтаҳои шаҳри Душанбе сурат мегиранд. Дар баъзе нуқтаҳо барои 1 доллари ИМА 4,70-4,75 сомонӣ пешниҳод мекунанд.

Қурби Евро ва рубли русӣ низ дар ин давра каме тағйир ёфт. Қурби Евро аз 6,65-6,67 сомонӣ то ба 6,61-6,63 сомонӣ коҳиш ёфт. Рубли русӣ бошад, аз 0,1510-0,1530 то ба 0,1420-0,1440 сомонӣ барои як рубл поин рафт.

Ахири ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон сабаби пастравии қурби, доллари ИМА, Евро ва рубли русӣ нисбат ба асъори миллиро дар афзоиши талабот дар бозори дохилӣ шарҳ дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.