М. Кабирӣ: Интихоби дубораи ман тасмими раёсат ва вакилони анҷуман аст

Дар нишасти хабарӣ раиси тозаинтихоби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ дар ҷамъи рӯзномангорон изҳор кард, ки ба сифати раиси ҳизб дубора интихоб шудани ӯ тасмими раёсат ва вакилони анҷуман аст. «Мутобиқи Оинномаи ҳизб пешбарии номзадҳо ба раисии ҳизб ҳуқуқи истисноии раёсат аст ва раёсат танҳо як нафар номазадро ба ин мансаб пешбарӣ менамояд», – […]

Меҳрангез Тукрсунзода


Дар нишасти хабарӣ раиси тозаинтихоби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ дар ҷамъи рӯзномангорон изҳор кард, ки ба сифати раиси ҳизб дубора интихоб шудани ӯ тасмими раёсат ва вакилони анҷуман аст.

«Мутобиқи Оинномаи ҳизб пешбарии номзадҳо ба раисии ҳизб ҳуқуқи истисноии раёсат аст ва раёсат танҳо як нафар номазадро ба ин мансаб пешбарӣ менамояд», – гуфт М. Кабирӣ дар посух ба суол дар бораи пешбарӣ нагардидани дигар номзадҳо ба ин мансаб.

«Дар ҲНИТ 10 нафаре мавҷуданд, ки метавонанд ҳизбро идора кунанд. Бинобар назардошти вазъи ҷумҳуриву минтақа ва сарусадоҳои атрофи ҳизб, раёсат пешбарӣ кардани номзадии маро ба маснабаи раиси ҳизб мувофиқи мақсад донист. Аммо дар ҳизб шахсоне мавҷуданд, ки дар баробари ман метавонистанд ба ин вазифа пешбарӣ шаванд», – афзуд раиси ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки дар Анҷумани 9-уми ҲНИТ, ки рӯзи 24-уми сентябр доир гардид, Муҳиддини Кабирӣ барои чаҳор соли минбаъда раиси ҳизб интихоб гардид.

ҲНИТ ягона ҳизби тамоили динидошта дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Дар Тоҷикистон пас аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҲНИТ дуюмини ҳизби бонуфуз дар кишвар ба шумор меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.