Имзои қарордоди ҳамкории дуҷонибаи низомӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Date:


Дар ҷараёни баргузории тамринҳои зиддитеррористии низомӣ  дар Ҷиргатол Тоҷикистону Қирғизистон нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2012-ро ба имзо расониданд.

Зери санади мазкур сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ Рамил Надиров ва сардори Сарраёсати ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон Таалайбек Омуралиев имзо гузоштанд.

Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, тамринҳои низомии ҳарбиёни ду кишвар таҳти сарварии фармондеҳи нерӯҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-майор Латиф Файзиев доир гардиданд. Дар ин тамринҳо дар маҷмӯъ беш аз 600 нафар низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон ширкат варзиданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар тамринҳо гурӯҳи зудамал, воҳидҳои дигар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ ва нерӯҳои марзбонии КДАМ иштирок карданд.

Қирғизистонро дар тамрин гурӯҳи зудамали Вазораи мудофиаи ин кишвар намояндагӣ кард.

Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати сарфароз гардонидани иштирокчиёни фаъоли тамринҳо ба Ҷиргатол омад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...