Шумори ҳодисаҳои садамаи нақлиёт кам, вале фавтидагон зиёд шуданд

Соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 998 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он 325 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 146 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, шумори ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта […]

Аваз Юлдошев


Соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 998 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он 325 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 146 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, шумори ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 102 садама кам шуда, вале шумори фавтидагон дар ин ҳодисаҳо 42 нафар зиёд шудааст.

Дар ин давра 472 ҳазору 894 қонуншиканӣ аз ҷониби ронандагон ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 13 ҳазори онҳо ба идораи автомашина бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ, 6 ҳазору 798 қонуншиканӣ ба идораи автомашина дар ҳолати мастӣ ва беш аз 5 ҳазор қонуншиканиҳо ба итоат накардани ронандагон ба талаботи кормандони БДА марбутанд.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ се ҳодисаи садамаи нақлиёт ба вуқӯъ пайваста, бар асари он як нафар ҳалок ва ду нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба қавли сардори маркази матбуоти БДА, рӯзи душанбе дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» дар хамгашт аз ӯҳдаи идораи автомобил набромада, он ба ҷарии 30-метра сарозер рафтааст. Ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.