Ҳисоботи Тоҷикистон оид ба вазъи озодии баён дар ҷумҳурӣ

Ахиран дар Тоҷикистон ҳодисаҳои таъқибот ва ба маҳкама кашидани журналистон зиёд ба чашм мехӯранд. Дар ин бора зимни Машварати САҲА таҳти унвони «Озодии баён, ВАО ва иттилоъот» бахшида ба баррасии иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба риояи ҳуқуқҳои инсон дар Варшава адвокати Ҳайати мушовараи адвокатҳои «Сипар»-и Тоҷикистон Файзинисо Воҳидова изҳори назар кард. Ба гуфтаи Воҳидова, дар ҳамаи […]

Сафо Сафаров


Ахиран дар Тоҷикистон ҳодисаҳои таъқибот ва ба маҳкама кашидани журналистон зиёд ба чашм мехӯранд. Дар ин бора зимни Машварати САҲА таҳти унвони «Озодии баён, ВАО ва иттилоъот» бахшида ба баррасии иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба риояи ҳуқуқҳои инсон дар Варшава адвокати Ҳайати мушовараи адвокатҳои «Сипар»-и Тоҷикистон Файзинисо Воҳидова изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Воҳидова, дар ҳамаи ҳолатҳо ВАО ё журналистони ҷудогона ба сифати ҷавобгар ё айбдоршаванда аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар сохторҳои давлатӣ амал мекунанд, ки маҳдудияти ҳуқуқи журналистон дар амалисозии фаъолияти касбӣ ва фурӯнишонии озодии баёнро ифода месозад.

«Наметавон гуфт, ки мустақиман алайҳи журналистон як маъракае созмон дода шудааст, вале ҳолатҳое мавҷуданд, ки барои интишори мақолаҳои интиқодии марбут ба фаъолияти мансабдорон ё сохторҳои давлатӣ журналист паси панҷара қарор мегирад, – гуфт ӯ. – Зиёда аз 10 моҳ аст, ки журналист аз ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов гӯё барои роҳ додан ба тӯҳмату таҳқир нисбат ба намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар мақолаҳои худ дар маҳбас қарор дорад, яъне айбдорӣ мустақиман ба фаъолияти касбии ӯ дахл дорад».

Адвокат изҳор кард, ки қазияи боздошт ва ҳабси хабарнигори бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов  на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар низ сарусадоҳои зиёде ба бор овард. «Танҳо бо мусоидати ҷомеаи журналистон, изҳороти як қатор сафоратхонаҳо ва САҲА муяссар гардид, ки ин масъала мавриди баррасии сарвари давлат қарор гирифта, пас аз як моҳ журналист аз маҳбас озод карда шавад, – идома дод. ӯ. – Вале айни замон парвандаи ӯ мавриди баррасии додгоҳ қарор дошта, айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ ҷазои 5 соли маҳрумият аз озодӣ бо минбаъд озод кардан аз мӯҳлати ҷазо тибқи истифодаи қонуни афвро талаб намуд».

Воҳидова зикр кард, ки Ӯрунбой Усмонов дар робита ба ҳизби ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» айбдор карда мешавад, ҳарчанд исбот карда шуд, ки хабарнигор муддати зиёда аз 10 сол маҳз дар бораи парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба аъзои ин созмон мавод омода мекард.

Дар навбати худ сармушовири президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров зимни суханронӣ дар ҷаласа изҳор кард, ки таъмини озодии баён самти афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳукумат ба ҳамкорӣ дар ин самт омода аст.

Шоназаров масъалаи ба маҳкама кашидани журналистон дар Тоҷикистонро шарҳ дод. «Нисбат ба қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов гуфта метавонам, ки он ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба додгоҳ ирсол шудааст. Эҳтимолияти бегуноҳӣ вуҷуд дорад ва агар дар додгоҳ бегуноҳии журналист исбот гардад, ман мӯътақидам, ки нисбат ба  ӯ ҳукми эътирофи бегуноҳӣ содир карда хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Шоназаров ҳамчунин гуфт, як қисмате аз айбдорӣ нисбат ба журналист Ӯрунбой Усмонов аз ҷониби мақомоти додситонӣ бекор карда шудааст. «Мо оид ба ин парванда корҳои иловагӣ роҳандозӣ мекунем», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, дар зарфи 6 сол дар Тоҷикистон нисбат ба журналистон ҳамагӣ 3 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Ҳам намояндагони ВАО ва ҳам кормандони хадамоти давлатӣ бояд ба қонун эҳтиром гузоранд ва аз рӯйи мантиқу ақли иноснӣ амал кунанд», – афзуд Шоназаров.

Намояндаи дигари Тоҷикистон – директори Бюро оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният Наргис Зокирова дар суханронии худ изҳор кард, ки сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Анвар Тағоймуродов аз номи худ нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс» барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибор ба додгоҳ аризаи даъвогӣ пешниҳод карда, 1 млн. сомонӣ ҷубронпулӣ талаб кард. «Қобили зикр аст, ки дар маводи ҳафтавор нисбати Тағоймуродов ҳеҷ тӯҳмате раво дида нашуда, дар бораи истифодаи шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон дар маҳбасхонаҳо сухан мерафт», – гуфт вай.

Зокирова қайд кард, ки аз нигоҳи мақомоти байнулмилалӣ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳуқуқи интиқоди афроди мавриди назари умум қарордошта, сиёсатмадорон, шахсони расмӣ ва фаъолияти ҳукумат яке аз ҳуқуқҳои асосие маҳсуб меёбад, ки бо озодии баён ҳифз мешавад ва ин ҳуқуқ дар ҷомеаи демократии солим нақши муҳимро дорост.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.