Ҷопон ҷиҳати барқарор сохтани мактаб дар Мӯъминобод 110 ҳазор $ маблағ ҷудо мекунад

Ҳукумати Ҷопон ҷиҳати барқарор сохтани мактаби рақами 30 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон  беш аз 110 ҳазор $ маблағ ҷудо мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, қарордоди бурсии мазкур дар ин хусусро сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хиройуки Имахаши ва муовини раиси ноҳияи Мӯъминобод Тоҳир Амиршоев ба имзо расониданд. Мактаби […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳукумати Ҷопон ҷиҳати барқарор сохтани мактаби рақами 30 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон  беш аз 110 ҳазор $ маблағ ҷудо мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, қарордоди бурсии мазкур дар ин хусусро сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хиройуки Имахаши ва муовини раиси ноҳияи Мӯъминобод Тоҳир Амиршоев ба имзо расониданд.

Мактаби мавзеъи «Ленинград» дар ноҳияи Мӯъминобод соли 1978 бунёд гардида, бинобар солҳои тӯлонӣ таъмир нагардидан дар ҳолати корношоям қарор дорад. Дар чаҳорчӯби таъмири мактаб маҷлисгоҳ ва толори варзиш аз нав барқарор карда мешаванд.

Пас аз анҷоми татбиқи лоиҳа зиёда аз 1000 нафар толибилмони мактаби таҳсилоти умумии рақами 30-и ноҳияи Мӯъминобод ва мактаббачагони макотиби гирду атроф метавонанд аз толори варзишӣ, ошхона ва маҷлисгоҳи нав истифода намоянд

Зимни пешниҳоди кӯмаки бебозгашти лоиҳаи амнияти гуманитарӣ барои қишри васеъи аҳолӣ бештар ба ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои маърифативу тандурустӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта афзалият дода мешавад. Шурӯъ аз соли 1996 дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Ҷопон 272 лоиҳаҳои гуманитарӣ ба маблағи умумии 19,9 млн. доллари ИМА-ро дастгирӣ кард, ки баҳри рушди Тоҷикистон нигаронида шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.