«Амонатбонк» соҳибкорони сӯзишвории арзон воридкунандаро дастгирӣ мекунад

Date:


Ҷаласаи назоратии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оғози ҳафтаи равон дар баробари масоили дохилибонкӣ аз масъалагузориҳо вобаста ба супоришҳои маҷлиси қарубулвуқӯъи Ҳукумати ҶТ иборат буд.

Тавре аз хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» хабар доданд, дар баробари дигар масоили ҷойдошта, яке аз масъалаҳои доғи рӯз, яъне боло рафтани нархи сӯзишворӣ, ба хусус бензин дар бозорҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк»

Чи тавре ҳамагон огаҳанд, тӯли соли равон якчанд бор боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо барои харид ва воридоти бензин аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Руссия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шуд, ки боиси гарон шудани нарх дар нуқтаҳои фуруши сузишворӣ гардид. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки воридоти ин мавод аз тарафи якчанд ширкати ватанӣ сурат мегирад, ки онҳо танҳо аз ФР маводи сӯзишвориро ворид мекунанд. Аз ин хотир Ҳукумати ҶТ ҷиҳати воридоти алтернативии маводи сӯзишворӣ ва ба ин васила паст намудуни шиддати болоравии нархи он, бонкҳои кишварро муваззаф намуд, ки соҳибкорони дар ин самт фаъолияткунанда ҳамаҷониба дастгирӣ ёбанд.

Раёсати Амонатбонк, дар навбати худ тамоми муассиса ва зерсохторҳои бонкро супориш дод, ки ҷиҳати татбиқи супориши мазкур чораҳои амалӣ андешанд. Соҳибкорони ба кишвар сӯзишвории арзон воридкунанда ҳаматарафа дастгирӣ гардида, саривақт ва дар навбати аввал бо қарзҳои бонкӣ таъмин карда шаванд. Ҳамчунин дар ин росто дигар чораҳои самарабахш, ки боиси паст намудани шиддати болоравии нархи маводи сӯзишворӣ мегардад, андешида мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...