«Амонатбонк» соҳибкорони сӯзишвории арзон воридкунандаро дастгирӣ мекунад

Ҷаласаи назоратии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оғози ҳафтаи равон дар баробари масоили дохилибонкӣ аз масъалагузориҳо вобаста ба супоришҳои маҷлиси қарубулвуқӯъи Ҳукумати ҶТ иборат буд. Тавре аз хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» хабар доданд, дар баробари дигар масоили ҷойдошта, яке аз масъалаҳои доғи рӯз, яъне боло рафтани нархи сӯзишворӣ, ба хусус […]

Asia-Plus


Ҷаласаи назоратии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оғози ҳафтаи равон дар баробари масоили дохилибонкӣ аз масъалагузориҳо вобаста ба супоришҳои маҷлиси қарубулвуқӯъи Ҳукумати ҶТ иборат буд.

Тавре аз хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» хабар доданд, дар баробари дигар масоили ҷойдошта, яке аз масъалаҳои доғи рӯз, яъне боло рафтани нархи сӯзишворӣ, ба хусус бензин дар бозорҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк»

Чи тавре ҳамагон огаҳанд, тӯли соли равон якчанд бор боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо барои харид ва воридоти бензин аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Руссия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шуд, ки боиси гарон шудани нарх дар нуқтаҳои фуруши сузишворӣ гардид. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки воридоти ин мавод аз тарафи якчанд ширкати ватанӣ сурат мегирад, ки онҳо танҳо аз ФР маводи сӯзишвориро ворид мекунанд. Аз ин хотир Ҳукумати ҶТ ҷиҳати воридоти алтернативии маводи сӯзишворӣ ва ба ин васила паст намудуни шиддати болоравии нархи он, бонкҳои кишварро муваззаф намуд, ки соҳибкорони дар ин самт фаъолияткунанда ҳамаҷониба дастгирӣ ёбанд.

Раёсати Амонатбонк, дар навбати худ тамоми муассиса ва зерсохторҳои бонкро супориш дод, ки ҷиҳати татбиқи супориши мазкур чораҳои амалӣ андешанд. Соҳибкорони ба кишвар сӯзишвории арзон воридкунанда ҳаматарафа дастгирӣ гардида, саривақт ва дар навбати аввал бо қарзҳои бонкӣ таъмин карда шаванд. Ҳамчунин дар ин росто дигар чораҳои самарабахш, ки боиси паст намудани шиддати болоравии нархи маводи сӯзишворӣ мегардад, андешида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.