Дар Хуҷанд ба шаҳрвандони афвшуда кӯмак расонида мешавад

Ба сокинони шаҳри Хуҷанд, ки мутобиқи қонуни афв аз маҳбасхонаҳо озод шуданд, аз ҷониби давлат кӯмак расонида мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд хабар додан, то имрӯз ба ин муассиса аз 64 нафар шаҳрвандони афвшудаи шаҳри Хуҷанд оид ба расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва мусоидат ба таъмини […]

Бахтиёр Валиев


Ба сокинони шаҳри Хуҷанд, ки мутобиқи қонуни афв аз маҳбасхонаҳо озод шуданд, аз ҷониби давлат кӯмак расонида мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд хабар додан, то имрӯз ба ин муассиса аз 64 нафар шаҳрвандони афвшудаи шаҳри Хуҷанд оид ба расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва мусоидат ба таъмини ҷойи корӣ аризаҳо ворид шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, миёни афвшудагон аслан ҷавононе ҳузур доранд, ки мутобиқи моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноии ҶТ ба мӯҳлатҳои аз 1 то 17 сол маҳкум шуда буданд. Мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ, то пайдо намудани ҷойи корӣ дар муддати се моҳ ба онҳо 80 сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад.

Бино ба маълумоти манбаъ, айни замон аз 64 нафари афвшудаа чор нафар ба агентии давлатӣ муроҷиат кардаанд.

«Ба муроҷиаткардагон кӯмакпулии иҷтимоӣ расонида шуда, ҷойҳои холии корӣ пешниҳод гардиданд. Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 264 ҷойи корӣ мавҷуд аст. Корфармоҳо пардохти музди меҳнат дар ҳаҷми аз 120 то 700 сомониро ваъда мекунанд. Шахсоне, ки аз маҳбас ба озодӣ мебароянд, аксаран касби муайян надоранд ва аз ин рӯ, ҳангоми ҷустуҷӯйи кор ба мушкилот дучор мешаванд, зеро ба корфармоён кадрҳои соҳибтахасссус аз қабили челонгару ҳаррот ва дуредгарон лозиманд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти мақомоти мазкур, айни замон дар шаҳри Хуҷанд 1166 нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда тақрибан ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.