Афви беш аз 100 нафар маҳкумшудагони гирифтор ба бемории сил

Date:


Дар Тоҷикистон беш аз 100 нафар маҳбусони гирифтор ба бемории сил ва афроди табобати ин бемориро анҷомдодаву ниёзманд ба таҳти назорат қарор доштан дар дармонгоҳ афв шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, дар варақаи иттилоияи навбатии Барномаи рушди СММ оид ба назорати бемориҳои ВИЧ/СПИД, сил ва вараҷа гуфта мешавад, дар робита ба ин масъала хадамоти идораи зиндонҳо ва шаҳрвандӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва созмонҳои дахлдори байнулмилалӣ нақшаи зина ба зинаи интиқоли ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва дастгоҳҳои зидди бемории сил аз низоми ҷазои ҷиноӣ ба бахши шаҳрвандиро таҳия кардаанд.

Дар вохӯриҳои муштараки мутахассисон ва кишварҳову созмонҳои мададрасон масоили мушкилоти менеҷменти табобати маҳбусони озодшудаи гирифтори бемории сил баррасӣ шуданд. Ба масоили ҷойи иқомати доимӣ надоштани аксари маҳбусони озодшуда ва ҷой доштани хавфи аз ҷониби оилаву ҷомеа қабул нагардидани онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир гардидааст.

«Чорабиниҳои мазкур ба пешгирӣ ва то сатҳи ниҳоӣ кам кардани ҳодисаҳои шумори аз табобт дур мондан ва риоя накардани қоидаҳои муолиҷа аз ҷониби маҳбусони гирифтори бемории сил нигаронида шудаанд, ки метавонад ба вазъи умумии эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ таъсир расонад», – зикр мегардад дар варақаи иттилоия.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия, ҳамчунин боз 50 нафар маҳбусони гирифтори бемориҳои қалбу рагҳои хунгард ва саратон низ афв шудаанд. Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар кишвар зиёда аз 4 ҳазор нафар маҳбусон афв шудаанд, ки 181 нафарашонро занон ва 155 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...