Муайян шудани самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистону Белорус барои 10 соли минбаъд

Зимни сафари расмии президенти Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон, ки ахири моҳи октябр дар назар аст, баррасии масоили густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ба нақша гирифта шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, феълан коршиносони ҳукуматҳои ҳарду ҷониб як силсила аснодеро таҳия кардаанд, ки зимни сафари президенти Белорус ба […]

Аваз Юлдошев


Зимни сафари расмии президенти Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон, ки ахири моҳи октябр дар назар аст, баррасии масоили густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, феълан коршиносони ҳукуматҳои ҳарду ҷониб як силсила аснодеро таҳия кардаанд, ки зимни сафари президенти Белорус ба Тоҷикистон ба имзо хоҳанд расид.

Бо назардошти натоиҷи гуфтушунид дар сатҳи олӣ аз имзои Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмӯҳлати Тоҷикистону Белорус барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020 ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳукуматӣ интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белорус зиёда аз 49,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 57,7% бештар аст. Аз Тоҷикистон ба Белорус ба маблағи 9,2 млн. доллари ИМА маҳсулот фиристода шудааст, ки асосан нахи пахта мебошад. Аз Белорус ба Тоҷикистон техникаи нақлиётӣ ва қисмҳои эҳтиётии он ворид мешаванд. Миёни кишварҳои узви Итттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) Белорус дар муомилоти моли хориҷӣ бо Тоҷикистон пас аз Русияву Қазоқистон мақоми сеюмро ишғол мекунад.

Дар ҳамин ҳол,  имрӯз Александр Лукашенко аз аввалинҳо шуда, президенти Тоҷикистонро бо зодрӯзаш табрик кард. ОИ БЕЛТА менависад, дар барқияи табрикотии худ Александр Лукашенко ба густариши ҳамкориҳои шариконаи дуҷониба ва таҳкими робитаҳои барои ҷонибҳо судманду манфиатовар изҳори умедворӣ кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.