Афви беш аз 100 нафар маҳкумшудагони гирифтор ба бемории сил

Дар Тоҷикистон беш аз 100 нафар маҳбусони гирифтор ба бемории сил ва афроди табобати ин бемориро анҷомдодаву ниёзманд ба таҳти назорат қарор доштан дар дармонгоҳ афв шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, дар варақаи иттилоияи навбатии Барномаи рушди СММ оид ба назорати бемориҳои […]

Наргис Ҳамробоева


Дар Тоҷикистон беш аз 100 нафар маҳбусони гирифтор ба бемории сил ва афроди табобати ин бемориро анҷомдодаву ниёзманд ба таҳти назорат қарор доштан дар дармонгоҳ афв шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, дар варақаи иттилоияи навбатии Барномаи рушди СММ оид ба назорати бемориҳои ВИЧ/СПИД, сил ва вараҷа гуфта мешавад, дар робита ба ин масъала хадамоти идораи зиндонҳо ва шаҳрвандӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва созмонҳои дахлдори байнулмилалӣ нақшаи зина ба зинаи интиқоли ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва дастгоҳҳои зидди бемории сил аз низоми ҷазои ҷиноӣ ба бахши шаҳрвандиро таҳия кардаанд.

Дар вохӯриҳои муштараки мутахассисон ва кишварҳову созмонҳои мададрасон масоили мушкилоти менеҷменти табобати маҳбусони озодшудаи гирифтори бемории сил баррасӣ шуданд. Ба масоили ҷойи иқомати доимӣ надоштани аксари маҳбусони озодшуда ва ҷой доштани хавфи аз ҷониби оилаву ҷомеа қабул нагардидани онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир гардидааст.

«Чорабиниҳои мазкур ба пешгирӣ ва то сатҳи ниҳоӣ кам кардани ҳодисаҳои шумори аз табобт дур мондан ва риоя накардани қоидаҳои муолиҷа аз ҷониби маҳбусони гирифтори бемории сил нигаронида шудаанд, ки метавонад ба вазъи умумии эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ таъсир расонад», – зикр мегардад дар варақаи иттилоия.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия, ҳамчунин боз 50 нафар маҳбусони гирифтори бемориҳои қалбу рагҳои хунгард ва саратон низ афв шудаанд. Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар кишвар зиёда аз 4 ҳазор нафар маҳбусон афв шудаанд, ки 181 нафарашонро занон ва 155 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.