Мулоқоти сардабири маҷаллаи амрикоии «Азиза» бо фаъолони ҲНИТ

Субҳи имрӯз муассис ва сардабири маҷаллаи исломӣ ва занонаи «Азиза»-и ИМА Тайиба Тейлор  ба маркази Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташриф оварда, бо намояндагони ҳизб вохурӣ намуд. Тавре аз қароргоҳи ситоди ҲНИТ хабар доданд, рӯзноманигори амрикоӣ ба барномаҳои омӯзиши забон ва компютер аз ҷониби аъзои ҷавони ҳизб ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар ва мусобиқоти […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз муассис ва сардабири маҷаллаи исломӣ ва занонаи «Азиза»-и ИМА Тайиба Тейлор  ба маркази Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташриф оварда, бо намояндагони ҳизб вохурӣ намуд.

Тавре аз қароргоҳи ситоди ҲНИТ хабар доданд, рӯзноманигори амрикоӣ ба барномаҳои омӯзиши забон ва компютер аз ҷониби аъзои ҷавони ҳизб ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар ва мусобиқоти варзишӣ таваҷҷӯҳ зоҳир сохт.

Фаъолони ҳизб Бибисоро Кабирӣ ва Зарафо Раҳмонӣ ба меҳмон дар бораи нақши занон дар ҷомеаи Тоҷикистон маълумот дода, зикр карданд, ки яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҲНИТ тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихор аз миллат ба шумор меравад.

«Зарафо Раҳмонӣ таъкид сохт, ки ахиран дар Тоҷикистон далелҳои поймолкунии ҳуқуқи занони диндор ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронӣ аст», – гуфтанд дар қароргоҳи ҳизб.

Имрӯз Тайиба Тейлор ҳамчунин аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ боздид карда, бо омӯзгорону донишҷӯёни он мулоқот орост. Айни замон дар ин донишкада 1 ҳазору 839 нафар таҳсили илм менамоянд, ки 283 нафарашон духтаронанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.