Халали «боди афғонӣ» ба фаъолияти мӯътадили фурудгоҳ

Обуҳавои ғуборолуд ба қатъи парвозу қабули ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи пойтахт боис гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, имрӯз фурудгоҳ ҳавопаймоҳое, ки аз шаҳрҳои Маскав, Шарҷа ва Алмаато омада буданд, қабул карда натавониста, онҳо дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд фуруд омадаанд. «Бо беҳтар шудани вазъи обуҳаво дар Душанбе ҳамаи […]

Заррина Эргашева


Обуҳавои ғуборолуд ба қатъи парвозу қабули ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи пойтахт боис гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, имрӯз фурудгоҳ ҳавопаймоҳое, ки аз шаҳрҳои Маскав, Шарҷа ва Алмаато омада буданд, қабул карда натавониста, онҳо дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд фуруд омадаанд.

«Бо беҳтар шудани вазъи обуҳаво дар Душанбе ҳамаи мусофирон ба Душанбе расонида мешаванд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайрҳои Екатеринбург, Алмаато ва фурудгоҳи «Внуково»–и Маскав мавқуф гузошта шудааст. «Шояд ҳавои ғуборолуд пагоҳ соф гардида, парвози ҳавопаймоҳо тавсссути хатсайрҳо барқарор карда шавад», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб низ бинобар ғуборолудагии обуҳаво дар Кӯлоб дар шаҳри Хуҷанд фуруд омадааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.