Интиқоли беш аз 1 млрд. $ аз Русия ба Тоҷикистон дар зарфи ним сол

Date:


Танҳо дар семоҳаи дуюми соли 2011 тавассути низомҳои интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 742 млн. доллари ИМА фиристода шудааст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар ин давра маблағи ҳар як интиқол ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 366 доллари ИМА-ро ташкил додаст.

Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ пас аз Ӯзбекистон мақоми дуюмро ишғол менамояд. Дар ин давра аз Русия ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1,067 млрд. доллари ИМА маблағ интиқол дода шудааст.

Мақоми сеюмро аз ҷиҳати интиқоли маблағ аз Русия миёни кишварҳои узви ИДМ дар семоҳаи дуюми соли равон Украина касб кардааст, ки ҳаҷми маблағи интиқолёфта аз Русия 603 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маблағи аз Русия интиқолдода ба кишварҳои дигари узви ИДМ дар семоҳаи дуюми соли 2011 ба тариқи зайл аст: Қирғизистон – 400 млн., Арманистон – 298 млн., Молдова – 271 млн., Озарбойҷон – 257 млн., Қазоқистон – 91 млн., Белорус – 37 млн. ва Туркманистон – 9 млн. доллари ИМА.

Дар маҷмӯъ дар семоҳаи дуюми соли равон аз Русия дар ҳаҷми 4,359 млрд. доллари ИМА маблағ интиқол дода шудааст, ки 3,774 млрд. доллари ИМА-и он ба кишварҳои узви ИДМ рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 438 млн. доллари ИМА маблағ фиристода шуда буд. Ҳамин тариқ, дар зарфи ним соли аввал аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млрд. 180 млн. доллари ИМА маблағ интиқол дода шудааст. Дар хусуси ҳаҷми маблағҳои интиқолёфта дар семоҳаи сеюм Бонки марказии Русия ҳанӯз маълумот пешниҳод накардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...