Суғд: Баррасии парвандаи ҷиноии собиқ вакили маҷлиси шаҳрии Конибодом

Дар шимоли кишвар баррасии парвандаи ҷиноятии собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом Солиҷон Чӯлпонов бо иттиҳоми фурӯши замин ҷараён дорад. Судяи суди вилояти Суғд Содиқ Ваҳҳобов раисикунандаи ин мурофиа мебошад. Чӣ тавре ки айбдоркунандаи давлатӣ, прокурори шаҳри Конибодом Аваз Назаров дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълумот дод, Солиҷон Чӯлпонов зимни фаъолияташ ба ҳайси сардори бригадаи […]

Раҳмон Пӯлодов

Дар шимоли кишвар баррасии парвандаи ҷиноятии собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом Солиҷон Чӯлпонов бо иттиҳоми фурӯши замин ҷараён дорад. Судяи суди вилояти Суғд Содиқ Ваҳҳобов раисикунандаи ин мурофиа мебошад.

Чӣ тавре ки айбдоркунандаи давлатӣ, прокурори шаҳри Конибодом Аваз Назаров дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълумот дод, Солиҷон Чӯлпонов зимни фаъолияташ ба ҳайси сардори бригадаи 16-и ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова қувваи корӣ ва техникаи барои ҳамвор кардани замин ҷалбшударо бидуни шартнома кор фармуда, аз маблағи ҳамчун музди меҳнат пардохтшуда андози иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳоро насупоридааст.

Ҳамзамон прокурор Солиҷон Чӯлпоновро бо моддаҳои 247, қ.4 (Қаллобӣ), 286, қ.3 (Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ), 293 (Саркашии шахси воқеъӣ аз пардохти андоз) ва 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ

)

-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор намуда, ба ҳайси ҷазо 16 соли маҳрумият аз озодиро талаб кардааст.

Аммо тарафи ҳимоя Чӯлпоновро тибқи ин моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳгор намедонад. 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.