Гурӯҳи аввали зойирини тоҷик озими Ҷидда шуданд

Субҳи имрӯз 185 нафар шаҳрвандони тоҷик, ки зиёрати Хонаи Худоро ихтиёр кардаанд, тавассути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» озими шаҳрҳои муқаддаси дини Ислом шуданд. Онҳо шаш соат қабл аз парвоз ба Маркази исломии Тоҷикистон ҳозир шуда, назорати гумрукӣ ва сарҳадиро дар он ҷо гузаштанд. Сипас зоийирин сарулибоси ягона бо рамзи Тоҷикистонро ба бар карданд. Қобили […]

Меҳрангез Турсунзода


Субҳи имрӯз 185 нафар шаҳрвандони тоҷик, ки зиёрати Хонаи Худоро ихтиёр кардаанд, тавассути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» озими шаҳрҳои муқаддаси дини Ислом шуданд.

Онҳо шаш соат қабл аз парвоз ба Маркази исломии Тоҷикистон ҳозир шуда, назорати гумрукӣ ва сарҳадиро дар он ҷо гузаштанд. Сипас зоийирин сарулибоси ягона бо рамзи Тоҷикистонро ба бар карданд. Қобили зикр аст, ки соли равон бори нахуст зойирини тоҷикистонӣ бо сарулибоси ягона таъмин гардиданд.

Ҳамчунин акнун ҳар як зойирини тоҷик соҳиби бейҷик (маълумотнома) бо номи дорандаи он, рақами телефонҳои меҳмонхона ва роҳбари гурӯҳ аст.

Дар маросими гусели гурӯҳи аввали зойирини тоҷик раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов изҳор кард, ки ин маълумотҳо зимни гум шудани нафаре зарур аст. Ғайр аз ин, соли равон ҳаҷкунандагон бо борҷома (сумкаҳо)-и ягона бо рамзи кишвар низ таъмин шудаанд.

Соли равон Вазорати корҳо оид ба ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ чун соли гузашта 5,5 ҳазор нафар зоирин аз Тоҷикистонро қабул мекунад, ки ба ин шумор шахсони ҳамроҳикунандаи зоирин ба миқдори якчанд сад нафар низ шомил мебошанд.

Маблағи адои маросими ҳаҷҷи имсола нисбат ба соли гузашта 257 доллари ИМА бештар буда, дар маҷмӯъ 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Зоирини тоҷик тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба макони ҳаҷ расонида мешаванд.

Ҳавопаймои охирин бо зойирин аз Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр раҳсипор мегардад.

Дар ҳамин ҳол, бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» хабар медиҳад, ки раиси Кумитаи умури дини вилояти Хатлон Бобохон Шарбатов ба гумони даст доштан ба ришваситонӣ аз зойирин боздошт шудааст.

Раиси Кумитаи умури дини кишвар Абдураҳим Холиқов далели боздошти Шарбатовро рад насохт, вале алҳол аз шарҳи он худдорӣ варзид.

«Феълан ман чизе дар ин хусус гуфта наметавонам, зеро чанде қабл аз сафари корӣ баргашта, ба корҳои тадорукотии фиристодани зойирин машғул будам. Ман ҳам ҳоло ба хубӣ хабар надорам, ки чӣ ҳодисае шудааст», – зикр кард А. Холиқов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.