Пахта-2011: Нақша пеш аз мӯҳлат иҷро хоҳад шуд

Кишоварзони Тоҷикистон ният доранд, ки ахири ҳафтаи равон аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда расонанд. То имрӯз аз заминҳои кишти пунбадона 372 ҳазору 825 тонна ҳосил ҷамоварӣ гардидааст, ки 95,6%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба хамин давраи соли гузашта ба миқдори 131,7 ҳазор тонна зиёдтар аст. […]

Аваз Юлдошев


Кишоварзони Тоҷикистон ният доранд, ки ахири ҳафтаи равон аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда расонанд. То имрӯз аз заминҳои кишти пунбадона 372 ҳазору 825 тонна ҳосил ҷамоварӣ гардидааст, ки 95,6%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба хамин давраи соли гузашта ба миқдори 131,7 ҳазор тонна зиёдтар аст. Рӯзи 10-уми октябр пахтакорони кишвар ба миқдори 1,2%-и нақша ҳосил ғундоштанд.

То ба имрӯз деҳқонони вилояти Хатлон 251,4 ҳазор (96,5%-и нақша), Суғд 98,1 ҳазор (93,5%-и нақша) ва ноҳияҳои тобеи марказ 23,2 ҳазор тонна (95,2%-и нақша) ҳосили пахта ҷамъоварӣ карданд.

Аллакай 18 ноҳияи пахтакори кишвар аз ӯҳдаи иҷрои нақша бо сарбаландӣ баромада, айни замон илова ба нақша ҳосил меғундоранд.

Соли равон дар Тоҷикистон бояд 390 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ гардад, ки нисбат ба соли гузашта 80 ҳазор тонна бештар аст. Аммо дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мӯътақиданд, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Бори нахуст дар таърихи истиклолияти кишвар пахтакорон дар нимаи моҳи октябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба иҷро мерасонанд. Маъмулан нақша моҳи ноябр ба иҷро мерасид. Ҳосили пунбадона то боридани барфи аввал ҷамъоварӣ мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.