Сафари котиби давлатии ИМА ба Покистон

Date:


Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҷиҳати гуфтушунид дар сатҳи олӣ оид ба муборизаи муштарак бо ошӯбгарон ва ифротгароён ба Покистон сафар кард.

Бино ба иттилои хабаргузории Би-Би-Сӣ, Ҳилларӣ Клинтон аз Покистон даъват кардааст, ки ба амалҳои гурӯҳҳои ифротгаро дар қаламраваш хотима бахшад.

Ӯ гуфтааст, барои баргузории амалиёти низомӣ дар манотиқи наздисарҳадии музофоти Вазиристон, ки ҷангиёни гурӯҳи Ҳаққонӣ амал мекунанд, кӯшиш хоҳад кард.

Яке аз фармондеҳони артиши Покистон изҳор доштааст, ки ИМА бояд ба суботи вазъ на дар Покистон, балки дар Афғонистон кӯшиш кунанд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости», котиби давлатии ИМА гуфтааст, «мо умедворем, ки Покистон дар мубориза бо терроризм яке аз кишварҳои пешқадам хоҳад шуд, зеро терроистоне, ки дар қаламрави ин кишвар амал мекунанд, на танҳо ба мардуми Покистон, балки ба амнияти аҳолии дигар кишварҳо низ таҳдид мекунанд».

Ба гуфтаи Ҳилларӣ Клинтон, ӯ ба мақомоти раҳбарии Покистон муҳим будани стратегияи наверо хоҳад расонид, ки бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай баррасӣ кардаанд.

Дар ҷараёни гуфтушунид бо президенти Афғонистон котиби давлатии ИМА изҳор кардааст, ки ҳамкорӣ миёни Покистону Афғонистон омили муҳими қатъи ҷанг аст.

Ҳилларӣ Клинтон дар Кобул ҳамчунин бо Салоҳуддин Раббонӣ, писари, собиқ президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ низ мулоқот орост. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...