Cафари котиби давлатии ИМА ба Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи сипаришуда котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҳиллари Клинтон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақомро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар ашхоси расмӣ истиқбол намуданд. 22 октябри соли 2011 нимаи дуюми рӯз мулоқоти […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҳиллари Клинтон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақомро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар ашхоси расмӣ истиқбол намуданд.

22 октябри соли 2011 нимаи дуюми рӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҳиллари Клинтон дар чаҳорчӯби сафари расмии ӯ ба кишвар баргузор гардид.

Дар натиҷаи музокироти ҷонибҳои Тоҷикистону Штатҳои Муттаҳида нишасти матбуотии муштарак бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Котиби давлатии ШМА Ҳиллари Клинтон доир шуд.

Дар нишасти хабарӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон боздиди Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка хонуми гиромиқадр Ҳиллари Клинтонро аз Тоҷикистон рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар муносибатҳои миёни ду кишвар арзёбӣ менамояд.

 Музокироти Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка бо Президенти кишвари мо, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳамраъйӣ ва мавқеъгирии созанда баргузор шуда, доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи тарафҳо ва самтҳои ояндадори онҳоро фаро гирифтанд.

 Ҳамзамон, мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ сурат гирифт, ки ягонагӣ ва наздикии мавқеи ҷонибҳоро нисбати масъалаҳои умдаи байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн нишон дод.

 Ҷонибҳо ҷараёни рушди ҳамкориҳои ду давлатро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ намуда, ин равандро ҷавобгӯи манфиатҳои тарафҳо донистанд ва таъкид бар он карданд, ки ҳамшарикии ду кишвар ҳанӯз ҳам потенсиали бузургро доро аст.

 Вобаста ба ин, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба идомаи муколамаи сиёсӣ бо ҷониби Америка дар сатҳҳои мухталиф, алалхусус ҷиҳати дастгирӣ дар масъалаҳои такмили идораи сарҳадот ва таъмини моддию техникии нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои гумрукӣ ва қудратии кишвар бо мақсади тақвияти мубориза алайҳи терроризм, интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ иброз дошт.

 Дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст ҷиҳати ҷалби сармоя ва технологияи америкоӣ барои коркарди сарватҳои табиӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун зербинои асосии рушди устувори кишвар кор бурда, машварату музокироти созандаро бо ҷониби Америка дар мавзӯи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо идома диҳад.

 Айни замон, ҳамчун омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратӣ бекор кардани маҳдудиятҳои Ҷексон-Веник нисбати Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шуд.

 Бо изҳори нигаронӣ аз вазъияти кунунии Афғонистон ҷониби Тоҷикистон боз ҳам ақидаи худро нисбати зарурати идомаи музокироти сулҳофарӣ ва дар ҷомеаи он нигоҳ доштани тавозуни нерӯҳои сиёсӣ ва миллию қавмӣ таъкид кард.

 Ҷониби Тоҷикистон андешидани силсилаи бештари чораҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо ҷалби бештари Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои минтақавиро ҳамчун омили муҳими ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвари ҷангдида арзёбӣ намуд.

 Дар робита ба ин, Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбаташро ба барномаву лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳамияти минтақавӣ доранд ҷалб кард ва ташаббуси ҷониби Америка ҷиҳати эҳёи “Роҳи нави абрешим”ро сидқан ҷонибдорӣ намуд.

 Зимнан мо изҳори умедворӣ кардем, ки Штатҳои Муттаҳидаи Америка минбаъд низ ба истиқрору таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидати созанда хоҳад кард.

 Роҷеъ ба мавзӯъҳои волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷониби Тоҷикистон идомаи ҳамшарикии худро бо ҷониби Америка дар соҳаҳои мазкур омили муҳими пешбурди бемайлони равандҳои демократӣ дар кишвар донист.

 Мо бо таъкиди қаноатмандӣ аз натиҷаҳои музокироти доиргашта изҳори итминон менамоем, ки ин сафари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар раванди ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои дарозмуддату босубот ва гуногунҷанбаи кишварҳои мо қадами тозае хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.