Ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар яке аз иншооти сохтмонии Екатеринбург

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар яке аз иншооти сохтмонии шаҳри Екатеринбург муҳоҷири тоҷик ба халокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, дар сохтмони маҷмааи истиқоматии «Аврора» бо сабабҳои номаълум крани борбар аз баландии 14 метр чаппа шуда, ба болои дастгоҳи омехтакунии бетон меафтад. Дар натиҷа […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар яке аз иншооти сохтмонии шаҳри Екатеринбург муҳоҷири тоҷик ба халокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, дар сохтмони маҷмааи истиқоматии «Аврора» бо сабабҳои номаълум крани борбар аз баландии 14 метр чаппа шуда, ба болои дастгоҳи омехтакунии бетон меафтад. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон – Амиралӣ Сайвалӣ Шарифзодаи 20-сола, сокини ноҳияи Қубодиён ба ҳалокат расида, шаҳрванди дигари Тоҷикистон Араш Азизови 25-сола, сокини шаҳраки Лучоби ноҳияи Варзоб аз пояш ҷароҳат мебардорад ва айни замон дар беморхона бистарӣ аст.

«Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия Шоҳназар Таваров чанде қабл бо роҳбарони иншооти сохтмонии мазкур мулоқот кард. «Директори иҷрокунандаи ширкати сохтмонии ҶДММ «Инвест Строй Юг» Надежда Митяева гуфтааст, ширкат ӯҳдадор мешавад, ки ба оилаи ҳалокшуда дар ҳаҷми ним млн. рубл ҷубронпулӣ пардохта, ҳамчунин тамоми хароҷоти фиристодани ҷасади ӯро низ ба ӯҳда мегирад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Ҷасади шаҳрванди ҳалокшудаи тоҷик пас аз баргузории ташхиси судиву тиббӣ тахминан рӯзи чоршанбе ба ватан фиристода мешавад. Ширкати русиягӣ тамоми хароҷот оид ба табобати Араш Азизовро низ ба ӯҳдаи худ гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.