Мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо сафири навтаъини Япония

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири навтаъиншудаи Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Япония Паёми арзи сипоси Вазири корҳои хориҷии Япония Коичиро Гембаро ҷиҳати табрикот бо таъйин шудани эшон ба вазифаи воломақом пешкаш намуд.  Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири навтаъиншудаи Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Япония Паёми арзи сипоси Вазири корҳои хориҷии Япония Коичиро Гембаро ҷиҳати табрикот бо таъйин шудани эшон ба вазифаи воломақом пешкаш намуд.

 Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Дар охири сӯҳбати пурмӯҳтаво Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири кишвари дӯст дар рафти адои вазифаи худ дар Душанбе, барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни кишвари худ ва Тоҷикистон саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Ҳамчунин Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирикро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, инчунин дар мавзӯи ҳамкориҳои минтақавӣ, хусусан дар вобастагӣ ба Афғонистон, мубодилаи афкор намуданд.

 Қайд гардид, ки ҷониби Тоҷикистон айни замон тамоми кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ба кори Конфронси қарибулвуқӯи Истамбул оид ба Афғонистон дар мавзӯи “Амният ва ҳамкорӣ дар қалби Осиё”, ки баргузории он 2 ноябри соли 2011 дар шаҳри Истамбул дар назар аст, саҳми худро гузорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.