Ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар яке аз иншооти сохтмонии Екатеринбург

Date:


Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар яке аз иншооти сохтмонии шаҳри Екатеринбург муҳоҷири тоҷик ба халокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, дар сохтмони маҷмааи истиқоматии «Аврора» бо сабабҳои номаълум крани борбар аз баландии 14 метр чаппа шуда, ба болои дастгоҳи омехтакунии бетон меафтад. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон – Амиралӣ Сайвалӣ Шарифзодаи 20-сола, сокини ноҳияи Қубодиён ба ҳалокат расида, шаҳрванди дигари Тоҷикистон Араш Азизови 25-сола, сокини шаҳраки Лучоби ноҳияи Варзоб аз пояш ҷароҳат мебардорад ва айни замон дар беморхона бистарӣ аст.

«Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия Шоҳназар Таваров чанде қабл бо роҳбарони иншооти сохтмонии мазкур мулоқот кард. «Директори иҷрокунандаи ширкати сохтмонии ҶДММ «Инвест Строй Юг» Надежда Митяева гуфтааст, ширкат ӯҳдадор мешавад, ки ба оилаи ҳалокшуда дар ҳаҷми ним млн. рубл ҷубронпулӣ пардохта, ҳамчунин тамоми хароҷоти фиристодани ҷасади ӯро низ ба ӯҳда мегирад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Ҷасади шаҳрванди ҳалокшудаи тоҷик пас аз баргузории ташхиси судиву тиббӣ тахминан рӯзи чоршанбе ба ватан фиристода мешавад. Ширкати русиягӣ тамоми хароҷот оид ба табобати Араш Азизовро низ ба ӯҳдаи худ гирифтааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...