Мавқеъи ВКХ-и Русия бобати ҳабси халабони русиягӣ дар Тоҷикистон

Акмал Маннонов


Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия дар сомонаи расмии худ мавқеъашро нисбат ба ҳабси шаҳрванди Русия Владимир Садовничий дар Тоҷикистонро шарҳ дод.

Гуфта мешавад, 16-уми май мудири шӯъбаи консулгарии сафоратхонаи Русия дар Душанбе ҳамроҳи намояндаи расмии Хадамоти федералии амнияти Русия дар Тоҷикистон бо директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Ролкан» С. Полуянов вохӯрдаанд. Ӯ вазъро фаҳмонида, ба онҳо ариза ба номи сафир дар бораи мусоидатро супурдааст. Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия низ бо намояндаи ширкат мулоқот ороста шудааст.

Рӯзи дигар сафорат ба унвони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов мактуби расмӣ ва ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нота ирсол намуда, шарҳи вазъро дархост кардааст. Чунин кор ҳамчунин дар бахши намояндагии Хадамоти федералии амният дар Тоҷикистон низ роҳандозӣ шуда буд.

«Посухҳои ба мо расида гувоҳи онанд, ки гӯё Тоҷикистон барои айбдор кардани халабонон далелҳои асоснок дорад. Ғайр аз ин, то имрӯз дар бораи ҷойи бақайдгирии ҳавопаймоҳо, сертификатҳои коршоямӣ барои парвоз ва сертификатҳои оператор маълумоте мавҷуд нест. Директори генералӣ ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карда наметавонад», – зикр мегардад дар иттилооти ВКХ-и Русия.

Ҳамчунин гуфта мешавад, «сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон масъалаи таъмини ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванди Русияро таҳти назорат қарор дошта, намояндаи сафоратхона дар мурофиаҳои судӣ дар Қӯрғонтеппа оид ба ин парванда доимо иштирок менамояд».

Ёдрас мекунем, ки 12-уми марти соли равон пас аз анҷоми қарордод дар қаламрави Афғонистон халабонони ду ҳавопаймои Ан-72 – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония бо супориши мақомоти раҳбарии ширкат аз фурудгоҳи Кобул ба самти фурудгоҳи Қӯрғонтеппа парвоз мекунанд. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, «халабонони ҳавопаймоҳо иҷозати убури сарҳади давлатиро надоштанд ва ҳангоме ки ба онҳо барои фуруд омадан ба фурудгоҳи Қӯрғонтеппа посухи рад дода шуд, халабонон бо роҳи фиреб фурудоии маҷбуриро дархост карданд». Дар таърихи 12-уми май Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нисбат ба онҳо мутобиқи моддаҳои 218 (Вайрон кардани қоидаҳои парвози байналминалӣ), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ду халабони ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестментс ЛТД», ки дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷиния ба қайд гирифта шудааст, рӯзи 12-уми октябри соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...