АНМН: Мусодираи 8 кило героин дар шаҳри Душанбе

Ахири ҳафтаи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 8 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Муссо», таҳти идораи шаҳрванди 46-солаи пойтахт, пеш суд нашудааст, муваққатан кор намекунад, дастгир […]

Наргис Ҳамробоева


Ахири ҳафтаи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 8 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Муссо», таҳти идораи шаҳрванди 46-солаи пойтахт, пеш суд нашудааст, муваққатан кор намекунад, дастгир карданд.

Дар рафти азназаргузаронӣ аз даруни автомашинаи мазкур халтаи селофаниро, ки дар дохилаш 8 бастаи маводи ранги равшани бӯи махсусдошта буд, кашф ва мусодира намуданд. Дар асоси хулосаи лабораторияи ташхиси судии Агентӣ маводи мусодирашуда навъи героин буда, ҳаҷми он ҳудудан 8 килоро ташкил дод.

Дар ҷараёни пурсиши ронанда муайян гардид, ки героин ба ду мусофири автомашинаи ӯ – сокини 37-солаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, ки пеш бо моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ (нигоҳдории ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят калон) суд шуда буд ва сокини 40 – солаи шаҳри Душанбе тааллуқ доштааст. Онҳо ният доштанд ин миқдор маводро барои фурӯш ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.

Аз рӯи ин ҳодиса Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, шахсони дастгиршуда ба тафқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд. Дар айни замон Агентӣ барои ошкор ва дастгир намудани афроди дигаре, ки дар содир кардани ин ҷиноят иштирок намудаанд, чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ анҷом медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.