Пирӯзии «Регар-ТадАЗ» дар мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2011

Вохӯрии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Истиқлол» (Душанбе) дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ғалабаи футболбозони шаҳри Турсунзода анҷом ёфт. Дар ҷараёни вохӯрӣ бартариро гоҳ ин даставу гоҳ дастаи дигар соҳиб гардида, вале дар қисми якум ҳисоб кушода нашуд. Дар қисм якум довар ба ду футболбози «Регар-ТадАЗ» ва як […]

Игор Лекаркин/Сайраҳмон Назриев


Вохӯрии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Истиқлол» (Душанбе) дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ғалабаи футболбозони шаҳри Турсунзода анҷом ёфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бартариро гоҳ ин даставу гоҳ дастаи дигар соҳиб гардида, вале дар қисми якум ҳисоб кушода нашуд. Дар қисм якум довар ба ду футболбози «Регар-ТадАЗ» ва як бозингари дастаи «Истиқлол» корти зард нишон дод. Дар аввали қисми дуюм футболбозони шаҳри Турсунзода ба бартарӣ соҳиб гардида, дар дақиқаи 61-уми бозӣ пас аз зарбаи Ҷамшед Исмоилов аз масофаи дур тӯб вориди дарвозаи душанбегиҳо шуд. Сарфи назар аз кӯшишҳои ҳар ду даста, ин ҳисоб то анҷоми бозӣ бетағйир боқӣ монда, дастаи «Регар-ТадАЗ» соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.

Дар маросими супурдани Ҷом ба ғолибон ва дигар ҷоизаву мукофотҳо раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов ва дигар шахсони расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар нишасти хабарӣ пас аз анҷоми вохӯрӣ сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев изҳор кард, ки муддати ду сол даста натавонист ба вохӯрии ниҳоӣ роҳхат бигирад. «Футболбозони даста имрӯз танҳо бо мақсади пирӯз шудан ба майдон баромаданд ва ман шодам, ки ба ҳадаф расиданд. Соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон будан барои мо ифтихору шарафи бузарг аст», – афзуд сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.