Шикояти кассатсионии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ»

Наргис Ҳамробоева


Журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ва адвокати ӯ аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба зинаи болоӣ шикоят бурданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод, «аз нуқтаи назари ҳуқуқшиносӣ ҳукмро метавон боадолатона унвон кард, зеро бо боварӣ гуфта метавонам, ки тайи панҷ соли ахир моддаи 63-и КҶ Тоҷикистон (Таъини ҷазои сабуктар нисбат  ба ҷазое, ки  барои  ин ҷиноят  пешбинӣ шудааст) аз ҷониби додгоҳҳо истифода нашудааст».

М. Ҷӯраева мегӯяд, ба содир шудани ҳукми башардӯстона ва боадолат иштироки намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи байнулмилалӣ, ВАО ва корпусҳои дипломатӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ низ таъсир гузошт.

«Сарфи назар аз ин, мо бо ҳукми додгоҳ розӣ буда наметавонем, зеро дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи додгоҳӣ айби журналист аз рӯйи чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, ки ба ӯ пешниҳод гардида буданд, исботи худро наёфтанд», – идома дод адвокат.

Ба гуфтаи номбурда, онҳо хостори аз ҷониби додгоҳ дубора бознигарии ҳукми Исмоилов мебошанд, зеро дар ҳоле ки Исмоилов ҳамагӣ 52 сомонӣ нафақа мегирад, пардохти ҷаримаи ба ӯ таъиншуда дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ амалан ғайриимкон аст. «Агар додгоҳ моддаи 189-и КҶ ҶТ (Барангехтани низои маҳалгароӣ)-ро низ аз эътибор соқит мекард, аз рӯйи ду моддаи дигар нисбат ба ӯ қонуни афв истифода мегардад», – таъкид сохт М. Ҷӯраева.

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, шикояти кассатсионӣ дар мӯҳлати ду моҳ метавонад мавриди баррасӣ қарор гирад.

Ёдрас мекунем, ки Маҳмадюсуф Исмоиловро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқb вилояти Суғд 23-юми ноябри соли 2010 боздошт намуда буданд. Ба ӯ тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айб пешниҳод гардид.

Рӯзи 14-уми октябри соли равон дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи додгоҳии хотимавӣ доир гардида, мутобиқи ҳалномаи додгоҳ рӯзноманигор Исмоилов бо моддаи 250-и КҶ ҶТ (Тамаъҷӯйӣ) бегуноҳ шуморида шуда, аз толори додгоҳ озод карда шуд. Аз рӯйи моддаҳои дигар додгоҳ ба Исмоилов ҷарима дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ таъин кард, вале бо назардошти муддати 11 моҳ дар маҳбас қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима то 35 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 7,3 ҳазор $) поин бурда шуд.

Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.




Акс аз www.ozodi.org  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...