Ситораҳои эстрадаи кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе

Меҳрангез Турсунзода


Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе  бо иштироки ситораҳои эстрадаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори дуюм ҷашнвораи байнулмилалии «Фазои Иттиҳод» баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори генералии Муассисаи давлатии ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунарии «Базморо» Олим Акрамов хабар дод, Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора сарояндагон Нозияи Кароматулло, Меҳрнигори Рустам ва Зикриоллоҳ Ҳакимов намояндагӣ мекунанд.

Дар ҷашнвораи мазкур аз Русия – сарояндагон Максим, Юлия Савичева ва Сергей Лазарев, Арманистон – Айк Каспаров, Озарбойҷон – Серан Исмоилхонов, Белорус – Алена Ланская, Қазоқистон – гурӯҳи «Роҳат Луқум», Молдова – Мишел, Қирғизистон – Ҷанета Бобкова ва Украина – гурӯҳи «Real O» иштирок мекунанд.

Созмондеҳи ҷашнвора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буда, хароҷоти баргузории онро Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ба ӯҳда дорад.

Ҷашнвораи якуми байнулмилалии «Фазои Иттиҳод» моҳи сентябри соли 2010 дар Душанбе доир гардид. Созмондиҳандагони ҷашнвора бар ин назаранд, ки ҷашнвораи мазкур бояд маҳз дар Душанбе баргузор гардад, зеро озмуни «Интервидение. Панҷ ситора» мебоист соли 2009 дар Тоҷикистон баргузор мешуд, вале бинобар ҷой доштани як қатор мушкилоти тадорукотӣ, доир нагардид.

Соли 2008 дар озмуни «Интервидение. Панҷ ситора» Тоҷикистонро Таҳмина Ниёзова намояндагӣ карда соҳиби Шоҳ-ҷоизаи озмун шуд ва тибқи муқаррарот озмуни навбатӣ мебоист дар ватани ғолиб баргузор мегардид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...