Ташрифи президенти Белорус ба Тоҷикистон

Шоми имрӯз президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Белорус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, ки рӯзи 28-уми октябр ба нақша гирифта шудааст, ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиро баррасӣ хоҳанд […]

Пайрав Чоршанбиев


Шоми имрӯз президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Белорус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, ки рӯзи 28-уми октябр ба нақша гирифта шудааст, ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи натоиҷи гутфушунидҳо дар сатҳи олӣ имзои 10 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмӯҳлати Тоҷикистону Белорус барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020 ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳукуматӣ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, қабл аз сафари худ ба Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе Александр Лукашенко дар вохӯрӣ бо раисони парлумонҳои кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Минск ба кишварҳои узви иттиҳод пешниҳод кард, ки ҳузури минбаъдаи Ӯзбекистон дар ин иттиҳод бояд дубора бознигарӣ шавад.

ВАО-и интернетӣ менависанд, президенти Белорус гуфтааст, Ӯзбекистон бозии сеҷониба дорад ва ин омил имкон намедиҳад, ки ӯ дар ҳайати СААД бошад. «Ман мавқеъи худро ба президенти Русия изҳор кардам ва мо бояд нисбат ба Ӯзбекистон ба як қароре оем», – гуфтааст А. Лукашенко.

Президенти Белорус қайд кардааст, ки Ӯзбекистон аз замони узвият дар СААД ягон ҳуҷҷати ҷиддиро ба тасвиб нарасонидааст ва агар дар ҳайати он боқӣ монданӣ бошад, пас бояд тартиботу муқаррароти онро риоя кунад.

Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.