Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар меҳмонии ҲНИТ

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии  ИМА Евгени Румер, Келли Кивелер ва Марк Ҳенди зуҳри дирӯз меҳмони ҲНИТ буданд ва бо Саидумар Ҳусайнӣ, ҷонишини аввали раиси ҲНИТ дар мавриди таҳаввулоти кишварҳои Араб ва вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон табодули назар карданд. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИт хабар доданд, аз ҷониби намояндагони ИМА дар хусуси таҳавулоти кишварҳои Араб зикр […]

ASIA-Plus


Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии  ИМА Евгени Румер, Келли Кивелер ва Марк Ҳенди зуҳри дирӯз меҳмони ҲНИТ буданд ва бо Саидумар Ҳусайнӣ, ҷонишини аввали раиси ҲНИТ дар мавриди таҳаввулоти кишварҳои Араб ва вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон табодули назар карданд.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИт хабар доданд, аз ҷониби намояндагони ИМА дар хусуси таҳавулоти кишварҳои Араб зикр гардид, ки дар васоити ахбори оммаи ҷаҳон ин таҳввулотро кори дасти ИМА мансуб медонанд, муболиғае беш нест. Ба назари онҳо, ИМА чунин қудрат надоштааст.

Чун сухан дар хусуси  Ҷумҳурии Афғонистон рафт, аз мизбон  суол карда шуд, ки оё  бо Афғонистонро тарк кардани нерӯҳои хориҷӣ ин кишвар метавонад ҳукумати худро рӯи кор биёраду ихтилофе байни қавмҳои пашту  ва форсу ӯзбак сар назанад? Зимнан Саидумар Ҳусайнӣ  вуруди ИМА ва дигар кишварҳои хориҷиро ба хоки Афғонистон манфӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон ӯ аз сафараш ба Афғонистон ҷиҳати ширкат дар маросими ҷанозаи Устод Раббонӣ ёдовар шуда, гуфт: охирин маротибае, ки дар Афгонистон будам, чунин бардошт намудам, ки мардуми Афгонистон, яъне намояндагони ҳама ақвом – пашту, тоҷик ва ӯзбак тарафдори якпорчагии ин кишвара буда, зидди дахолати хориҷиён ба корҳои дохилидавлатии худ ҳастанд. Дар идомаи сӯҳбат Саидумар Ҳусайнӣ фарзияҳои қисмат шудани Афғонистонро рад кард, бо такя ба он ки агар чунин як тафриқандозӣ аз ҷониби абарқудратҳо пиёда нашавад.

Ба қавли ӯ,  ҳар кишваре ки мехоҳад ба Афғонистон дасти кӯмак дароз кунад, бояд холисона амал намояд, на ин ки ҳадафҳои сиёсии худро дар он ҷо пиёда кунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.