Кӯмаки Ҷопон дар таъмиру таҷдиди мактаби ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзоб

Чанде қабл ҷаноби Такааки Коматсу, котиби саввуми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Акбар Ятимов, раиси ноҳияи Варзоб дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи №19 ҷамоати «Деҳмалик»-и ноҳияи Варзоб ширкат варзиданд.  Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи №19 ҷамоати «Деҳмалик»-и ноҳияи Варзоб» бо маблағи умумии 106,305 доллари ИМА, ки […]

ASIA-Plus


Чанде қабл ҷаноби Такааки Коматсу, котиби саввуми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Акбар Ятимов, раиси ноҳияи Варзоб дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи №19 ҷамоати «Деҳмалик»-и ноҳияи Варзоб ширкат варзиданд.

 Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи №19 ҷамоати «Деҳмалик»-и ноҳияи Варзоб» бо маблағи умумии 106,305 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, бо муваффақ ба итмом расид.

Соли 1930 мактаби миёнаи № 19 дар ҷамоати «Деҳмалик» аз тарафи мардуми маҳаллӣ бо усули лойдевор сохта шуда, то ҳол хеле фарсуда гашта ва барои омӯзиш дар мавриди номусоид қарор дошт. Аз ҳисоби ноамнии шароити омӯзиш, деворҳои вайрон ва чакиши шифтҳо, толибилмон ба омӯзиш чандон таваҷҷӯҳ надоштанд.

Тавассути лоиҳаи мазкур иншооти нави мактаб бо чаҳор ҳучраи синфӣ ва ҳуҷраи муаллимон сохта шуд ва бо таҷҳизоти мактабӣ мисли мизу курсӣ ва компютер муҷаҳҳаз шуд. Бинои нав ва таҷҳизот ба зиёда аз 110 талабагон муҳити боамн ва беҳтарро дастрас менамояд. Бинобар ин, лоиҳа ҳамчун омили асосӣ барои рушди бардавоми иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷамоати «Деҳмалик»-и ноҳияи Варзоб саҳм мегузорад.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 274 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $20.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.