Дар Суғд тоҷирони вилояти Свердловски Русияро интизоранд

Соҳибкорони вилояти Свердловски Русия рӯзҳои 29-30-юми октябр ҷиҳати боздид аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба Хуҷанд меоянд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Хосият Комилова хабар дод, ба ҳайати Русия намояндагони корхонахои вилояти Свердловск дар ҶТ А. Осипов, ширкати холдинги «AES GROUP», ҶДММ «Остров», «Стройтехнология 2000» ва «Форатек» шомиланд. Дар рӯзи […]

Бахтиёр Валиев


Соҳибкорони вилояти Свердловски Русия рӯзҳои 29-30-юми октябр ҷиҳати боздид аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба Хуҷанд меоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Хосият Комилова хабар дод, ба ҳайати Русия намояндагони корхонахои вилояти Свердловск дар ҶТ А. Осипов, ширкати холдинги «AES GROUP», ҶДММ «Остров», «Стройтехнология 2000» ва «Форатек» шомиланд.

Дар рӯзи аввали сафар вохӯрии расмии ҳайат бо мақомоти раҳбарии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва шиносоӣ бо субъектҳои минтақа ба нақша гирифта шудааст. Рӯзи дуюм дар маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» масъалаҳои имконоти самтҳои имконпазири роҳандозии ҳамкорӣ, омодагирӣ ва имзои протоколҳо миёни намояндагони ширкатҳои русиягӣ ва маъмурияти минтақа баррасӣ мешаванд.

«Айни замон дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 16 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки корхонаҳои ватанӣ ва муштарак бо иштироки сармояи туркӣ, чиноӣ, покистонӣ, лаҳистонӣ, кипрӣ, белорусӣ ва русиягӣ мебошанд. Ҳаҷми умумии сармоягузории ин корхонаҳо 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар минтақа корхонаҳои русиягӣ маснӯъоти таҳкимбахшӣ барои сохтмон ва пойгоҳҳои обии барқӣ истеҳсол мекунанд», – зикр кард Комилова.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.