Иттифоқи истеъмолгарон дар баргардонидани моли корношоям ба сокини Хуҷанд кӯмак кард

Филиали Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мурофиаи судии шаҳрвандӣ ба сифати даъвогар иштирок карда, муваффақ шуд, ки ба сокини шаҳр маблағи пулӣ барои моли корношоям баргардонида шавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори филиали мазкур Умедҷон Болтуев хабар дод, даъвои шаҳрвандӣ ба манфиати истеъмолгар моҳи ноябри соли 2010 ба суди шаҳри Хуҷанд фиристода шуда […]

Бахтиёр Валиев


Филиали Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мурофиаи судии шаҳрвандӣ ба сифати даъвогар иштирок карда, муваффақ шуд, ки ба сокини шаҳр маблағи пулӣ барои моли корношоям баргардонида шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори филиали мазкур Умедҷон Болтуев хабар дод, даъвои шаҳрвандӣ ба манфиати истеъмолгар моҳи ноябри соли 2010 ба суди шаҳри Хуҷанд фиристода шуда буд. Дар даъво бекор кардани қарордоди шифоҳии хариду фурӯш миёни яке аз мағозаҳои шаҳри Хуҷанд ва сокини ҳамин шаҳр талаб карда шуд. Аз ҷумла, истеъмолгар ният дошт, ки ҳавософкун (кондитсионер)-и корношоямро баргардонида, маблағи арзиши пулии он дар ҳаҷми 1 ҳазору 095 сомониро бозпас пардохт кунад. Ба ивазаш аз мағоза талаб карда шуд, ки ба истеъмолгар 600 сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ ва 1,5 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷаримаи аҳдшиканӣ пардохт намояд.

Бо назардошти тамоми ҳолатҳои парванда, суд даъворо қонеъ сохта, дар бораи иҷрои он қарор содир кард. Акнун анҷоми минбаъдаи кор ба дӯши иҷрокунандагони судӣ аст.

«Фикр мекунам, ки айни замон агар истеъмолгарон – сокинони вилояти Суғд ба чанде аз масъалаҳои начандон мушкил таваҷҷӯҳ зоҳир созанд, дар суд аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда метавонанд. Дар моддаи 9 ва 10-и Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон» гуфта мешавад, дар молу маҳсулот бояд дар бораи истеҳсолкунанда, фурӯшанда ва маҳсулот маълумот мавҷуд бошад. Масалан, агар зимни харидани техникаи маишӣ чунин маълумот мавҷуд набошад, аз фурӯшанда дархост намоед, ки дар бастаи молу маҳсулот ному насаб, санаи фурӯш, макони ҷойгиршавии нуқтаи фурӯш ва мӯҳлати кафолатнокро нависад ва зери он имзо гузорад. Ин амал зимни дифоъ аз ҳуқуқҳои худ дар суд далели кофӣ буда метавонад», – тавсия медиҳад Болтуев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.