Ҷамъомади фарҳангии бахшида ба 100-солагии устод Мирзо Турсунзода дар Тошканд

Date:


Чанде пеш дар Маркази фарҳанги байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба таҷлили 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ ва ҳомии сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода ҷамъомади фарҳангӣ доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо ташаббус ва ҷонибдории Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, Бунёди фарҳанги тоҷики ш. Тошканд «Ориёно» ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд созмон дода шуд. Дар маҳфил аз вилоятҳои гуногуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон шоиру нависандагон ва аҳли илму ҳунар ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, сароғоз Н. Муҳаммадиев, Раиси Маркази фарҳанги байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо суханронии худ ба он маҳфил ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф қайд кард, ки устод Мирзо Турсунзода таҷассумгари дӯстии бемисли ду халқи ҳамҷавору бародар мебошад.

Зикр гардид, ки дар ҷамъомад ҳамчунин Ҳ. Қудратуллоев, Раиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, А. Субҳон, адиб – узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Т. Тӯхтаев (Паймон), нависанда – узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Ф. Маҳмуд, шоир, Ҷ. Холмӯъминов, номзади илми фалсафа, сармуҳаррири маҷалаи «Сино», намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ва дигарон дар бораи фаъолияти пурбори эҷодӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва сулҳофаринии устод Мирзо Турсунзода маърӯза намуданд. Дар маърӯзаҳо паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода, аз он ҷумла, эҷодиёти дилошуб, ки дар он васфи дӯстии халқҳо, адолат, баробарӣ, поксириштӣ, озодихоҳӣ ва ғайра ифода ёфтааст, қайд гардид.

«Донишу таҷриба ва дили пурмуҳаббати устод Мирзо Турсунзода имкон медоданд, ки ӯ сабақҳои дипломатияи давлатӣ ва мардумиро ба ҳам моҳирона пайваста, дар иртибот бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, сиёсатмадорон ва намояндагони аршади кишварҳои хориҷӣ бо назокат истифода намояд. Ғояҳои олии умумиинсонӣ – ҳифзи сулҳу субот, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат ва ҳамчунин таҳкими дӯстиву ҳамкории халқҳо дар ашъори устод Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан ифода ёфтаанд»- гуфт дар суханронии худ намояндаи Сафорати Тоҷикистон.

Дар назди ҳозирин аз он ҷумла Теша Мӯминов, ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон шеъри маъруфи «Ҷони ширин»-ро қироат намуд.

Ҳамзамон, Ахмедова Олмос Ғафуровна, духтари шоири барҷастаи Ӯзбекистон Ғаффур Ғулом, ки теъдоди зиёди ашъори устод Мирзо Турсунзодаро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст, сӯҳбатҳо ва вохӯриҳои худро бо устод Мирзо Турсунзода ба хотир овард.

Мактаббачагони мактаби таҳсилоти умумии № 25 ш. Чирчиқ порчаҳо аз ашъори устод Мирзо Турсунзодаро қироат намуданд. Дар бахши савту суруд Гулчеҳра Бақоева ва А. Шодмонов, овозхонони шинохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурудҳои дилангези худро ба ҳозирин тақдим сохтанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related