Ҷамъомади фарҳангии бахшида ба 100-солагии устод Мирзо Турсунзода дар Тошканд

Чанде пеш дар Маркази фарҳанги байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба таҷлили 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ ва ҳомии сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода ҷамъомади фарҳангӣ доир гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо ташаббус ва ҷонибдории Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, Бунёди фарҳанги тоҷики ш. Тошканд «Ориёно» […]

ASIA-Plus


Чанде пеш дар Маркази фарҳанги байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба таҷлили 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ ва ҳомии сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода ҷамъомади фарҳангӣ доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо ташаббус ва ҷонибдории Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, Бунёди фарҳанги тоҷики ш. Тошканд «Ориёно» ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд созмон дода шуд. Дар маҳфил аз вилоятҳои гуногуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон шоиру нависандагон ва аҳли илму ҳунар ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, сароғоз Н. Муҳаммадиев, Раиси Маркази фарҳанги байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо суханронии худ ба он маҳфил ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф қайд кард, ки устод Мирзо Турсунзода таҷассумгари дӯстии бемисли ду халқи ҳамҷавору бародар мебошад.

Зикр гардид, ки дар ҷамъомад ҳамчунин Ҳ. Қудратуллоев, Раиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, А. Субҳон, адиб – узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Т. Тӯхтаев (Паймон), нависанда – узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Ф. Маҳмуд, шоир, Ҷ. Холмӯъминов, номзади илми фалсафа, сармуҳаррири маҷалаи «Сино», намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ва дигарон дар бораи фаъолияти пурбори эҷодӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва сулҳофаринии устод Мирзо Турсунзода маърӯза намуданд. Дар маърӯзаҳо паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода, аз он ҷумла, эҷодиёти дилошуб, ки дар он васфи дӯстии халқҳо, адолат, баробарӣ, поксириштӣ, озодихоҳӣ ва ғайра ифода ёфтааст, қайд гардид.

«Донишу таҷриба ва дили пурмуҳаббати устод Мирзо Турсунзода имкон медоданд, ки ӯ сабақҳои дипломатияи давлатӣ ва мардумиро ба ҳам моҳирона пайваста, дар иртибот бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, сиёсатмадорон ва намояндагони аршади кишварҳои хориҷӣ бо назокат истифода намояд. Ғояҳои олии умумиинсонӣ – ҳифзи сулҳу субот, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат ва ҳамчунин таҳкими дӯстиву ҳамкории халқҳо дар ашъори устод Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан ифода ёфтаанд»- гуфт дар суханронии худ намояндаи Сафорати Тоҷикистон.

Дар назди ҳозирин аз он ҷумла Теша Мӯминов, ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон шеъри маъруфи «Ҷони ширин»-ро қироат намуд.

Ҳамзамон, Ахмедова Олмос Ғафуровна, духтари шоири барҷастаи Ӯзбекистон Ғаффур Ғулом, ки теъдоди зиёди ашъори устод Мирзо Турсунзодаро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст, сӯҳбатҳо ва вохӯриҳои худро бо устод Мирзо Турсунзода ба хотир овард.

Мактаббачагони мактаби таҳсилоти умумии № 25 ш. Чирчиқ порчаҳо аз ашъори устод Мирзо Турсунзодаро қироат намуданд. Дар бахши савту суруд Гулчеҳра Бақоева ва А. Шодмонов, овозхонони шинохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурудҳои дилангези худро ба ҳозирин тақдим сохтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.