Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркия

Чанде қабл дар шаҳри Истанбул вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Аҳмет Довудоглу баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазоарти корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, мавзӯи асосии мулоқот масъалаи Афғонистон, мӯътадилсозии вазъ дар ин кишвар, барқарорсозии ҳарчи зудтари иқтисодиёт ва ҷалби тамоми кишварҳои минтақа ба ин раванд […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Истанбул вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Аҳмет Довудоглу баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазоарти корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, мавзӯи асосии мулоқот масъалаи Афғонистон, мӯътадилсозии вазъ дар ин кишвар, барқарорсозии ҳарчи зудтари иқтисодиёт ва ҷалби тамоми кишварҳои минтақа ба ин раванд буд.

Ба иттилои манбаъ, Аҳмет Довудоглу ба ҳамсӯҳбати худ оид ба саҳми Ҷумҳурии Туркия, ки ба рушди Афғонистон, эҳёи он ва пуштибонии сулҳ дар ҳудуди ин кишвар нигаронида шудааст иттилоъ дод.

Вазири корҳои хориҷии Туркия аз иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар кори Конфронс ба Ҳамрохон Зарифӣ изҳори сипос кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Аҳмет Довудоглу афзоиши гардиши молу колоро дар соли ҷорӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон бо қаноатмандӣ арзёбӣ намуд.

 Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ҳамтои худро барои сафар ба Тоҷикистон даъват сохт. Аҳмет Довудоглу, дар навбати худ, даъвати Ҳамрохон Зарифиро пазируфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.