Мусодираи беш аз ним тонна маводи мухаддир дар Суғд

Шурӯъ аз оғози соли равон дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 336 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 334 кило камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар вилояти Суғд каме бештар аз 680 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд. Тавре […]

Мавлуда Рафиева


Шурӯъ аз оғози соли равон дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 336 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 334 кило камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар вилояти Суғд каме бештар аз 680 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори бахши таҳлилии шӯъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Насим Олимов хабар дод, аз миқдори умумии маводи мухаддири аз ҷониби сохторҳои ВКД-и вилоят мусодирашуда зиёда аз 22 килояшро маводи мухаддири сахттаъсири героин, 4 килояшро – афюн, зиёда аз 279 килояшро – ҳашиш ва беш аз 28 килояшро маводи мухаддири навъхои дигар ташкил медиҳанд.

Аз рӯйи ин далелҳо мутобиқи моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан), 201 (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ)-и КҶ ҶТ 190 парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст ва тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар зарфи 10 моҳи соли равон аз ҷониби тамоми сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 531 кило маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 292 кило камтар аст. Чаҳоряки маводи мухаддири мусодирашударо героин ташкил медиҳад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.