25 соли зиндон барои қатли писари 8-солаи худ

Суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Панҷро ба қатли писари 8-солаи худ гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 25 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои судяи суди вилояти Хатлон Тоҳир Ҳамзаев, рӯзи 11-уми июли соли равон тахминан соатҳои 17 судшаванда дар назди хонаи худ дар деҳаи Отчапарии ҷамоати «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ гардани писари худро буридааст. Дар […]

Сайраҳмон Назриев


Суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Панҷро ба қатли писари 8-солаи худ гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 25 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои судяи суди вилояти Хатлон Тоҳир Ҳамзаев, рӯзи 11-уми июли соли равон тахминан соатҳои 17 судшаванда дар назди хонаи худ дар деҳаи Отчапарии ҷамоати «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ гардани писари худро буридааст.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ судшаванда ба гуноҳи худ иқрор шуд. Тибқи баёнот, ӯ ҷиноятро дидаву дониста содир кардааст, зеро шубҳа доштааст, ки писар аз ӯ нест ва ҳамсараш ӯро аз каси дигар ба дунё овардааст.

Прокуратураи ноҳияи Панҷ дар санаи 12-уми июли соли равон нисбат ба Фаридун Нуруллоев мутобиқи ду моддаи КҶ ҶТ – 104 (Одамкушӣ) ва 237 (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар суд зикр карданд, ки мутобиқи моддаи 2-юми КҶ ҶТ Фаридун Нуруллоев барои он гунаҳкор шуморида мешавад, ки пас аз қатли писараш дар роҳ ба сӯйи хонаи падараш чархи мошини КамАЗ-ро кафонида, ҳамчунин тамоми шахсони бо ӯ вохӯрдаро дашному таҳқир кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.