Маҳсулоти аввалини корхонаи нави коркарди нахи пахта дар вилояти Суғд

Дар корхонаи нави коркарди нахи пахта дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд маҳсулоти аввалини истеҳсол карда шуд. Ин корхонаи дуюмини коркарди нахи пахта дар ноҳияи мазкур мебошад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, корхонаи ҶДММ «Понғоз» дар ноҳияи Ашт аз ҳисоби маблағгузориҳои хусусӣ сохта шудааст. Ба […]

Бахтиёр Валиев


Дар корхонаи нави коркарди нахи пахта дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд маҳсулоти аввалини истеҳсол карда шуд. Ин корхонаи дуюмини коркарди нахи пахта дар ноҳияи мазкур мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, корхонаи ҶДММ «Понғоз» дар ноҳияи Ашт аз ҳисоби маблағгузориҳои хусусӣ сохта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар корхона коркард ва истеҳсоли нахи пахта,истеҳсоли равғани пахта ва кунҷора ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар корхона беш аз 80 тонна нахи пахта коркард шуд. Шумори коргарони корхонаи нав 14 нафарро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки то ифтитоҳи корхонаи мазкур, корхонаи ҶСП «Пахтаи Ашт» фаъолият дошт, ки дар он аз оғози мавсим на камтар аз 245 тонна нахи пахта коркард шудааст.

Феълан дар вилояти Суғд шумори корхонаҳои коркарди нахи пахта ба 24 адад мерасад. Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар онҳо зиёда аз 9984 тонна нахи пахта коркард шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи гузаштаи ду ҳазор тонна зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.