Даргузашти пешвои ҳизби «Тараққиёт» Султон Қувватов

Date:


Пешвои ҳизби сабти номнашудаи «Тараққиёт» Султон Қувватов пас аз бемории начандон тӯлонӣ дар сини 60-солагӣ аз олам даргузашт.

Зуҳри имрӯз, 14-уми ноябр, маросими ҷанозаи ӯ доир гардида,  ҷасадаш дар оромгоҳи «Сари Осиё»-и шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Султон Қуватов 27-уми марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.

Аз соли 1974 то соли 1984 дар Шӯъбаи мубориза бо дуздии моликияти сотсиалистии вилояти Кӯлоб кор кардааст. Пас аз то соли 1992 дар шӯъбаи корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бо мубориза бо дуздии моликияти сотсиалистӣ фаъолият намудааст. Аз соли 1991 ин мақомот ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ табдили ном кард.

Солҳои 1992-1995 сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории мташаккили ВКД ҶТ. Аз моҳи майи соли 1995 ба вазифаи раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъин гардида, дар ин мақом то соли 198 фаъолият кард. «Барои ғайриқаноатбахш иҷро накардани вазифаҳои хидматии худ ва ошкор шудани камбудиҳо дар фаъолияти ин кумита» аз ин мансаб сабукдӯш шудааст.

Дар як вақт аз соли 1995 вакили мардумии Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи рақами 50-и Қиблаӣ буд.

Аз соли 2001 раиси ҳизби ғайрирасмии «Тараққиёт». Як маротиба дар маъракаи интихоботи президентӣ ва якчанд маротиба дар маъракаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон номзадии худро гузошта буд, вале муваффақ нагардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related