Кӯлоб ҷашни 70-солагии нависандаи машҳурашро таҷлил кард

Дар театри вилоятии мусиқиву мазҳакаи ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар робита ба 70-умин солгарди ҷашни зодрӯз ва 40-солагии фаъолияти эҷодии нависандаи пурмаҳсултарин ва машҳури шаҳр Саид Раҳмон чорабинии идона баргузор шуд. Барои табрики соҳибҷашн ба театр на танҳо сокинони аҳли зиёву сокинони шаҳри Кӯлоб, балки намояндагони ноҳияи Мӯъминобод, ҳамқаламон аз шаҳри Душанбе ва […]

Турко Дикаев


Дар театри вилоятии мусиқиву мазҳакаи ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар робита ба 70-умин солгарди ҷашни зодрӯз ва 40-солагии фаъолияти эҷодии нависандаи пурмаҳсултарин ва машҳури шаҳр Саид Раҳмон чорабинии идона баргузор шуд.

Барои табрики соҳибҷашн ба театр на танҳо сокинони аҳли зиёву сокинони шаҳри Кӯлоб, балки намояндагони ноҳияи Мӯъминобод, ҳамқаламон аз шаҳри Душанбе ва намояндагони Иттифоқи нависандагони ҶТ низ ҳозир буданд.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Зулайхо Комилова мегӯяд, сохтори дахлдор ва намояндагони ҳукумати шаҳр бо хушнудӣ дар корҳои тадорукоту созмони ин чорабинӣ ширкат варзиданд, зеро ба истеъдоди нависанда қоил буда, интизори нашри китобҳои тозаи муаллифанд.

Ёдрас мекунем, ки танҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ романи таърихӣ дар бораи минтақаи кӯҳистони Ховалинг, роман дар бораи қумондон Аҳмадшоҳи Масъуд ва як қатор повесту ашъори Саид Раҳмон ба дасти чоп расиданд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» соҳибҷашн Саид Раҳмон изҳор кард, ки «то ҳанӯз ҳама чизи дар нақша доштаамро нагуфтаам ва феълан боз рӯйи таҳияи як асари таърихии дигар кор мекунам».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.