Даргузашти пешвои ҳизби «Тараққиёт» Султон Қувватов

Пешвои ҳизби сабти номнашудаи «Тараққиёт» Султон Қувватов пас аз бемории начандон тӯлонӣ дар сини 60-солагӣ аз олам даргузашт. Зуҳри имрӯз, 14-уми ноябр, маросими ҷанозаи ӯ доир гардида,  ҷасадаш дар оромгоҳи «Сари Осиё»-и шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд. Султон Қуватов 27-уми марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Аз соли 1974 то соли 1984 […]

Аваз Юлдошев


Пешвои ҳизби сабти номнашудаи «Тараққиёт» Султон Қувватов пас аз бемории начандон тӯлонӣ дар сини 60-солагӣ аз олам даргузашт.

Зуҳри имрӯз, 14-уми ноябр, маросими ҷанозаи ӯ доир гардида,  ҷасадаш дар оромгоҳи «Сари Осиё»-и шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Султон Қуватов 27-уми марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.

Аз соли 1974 то соли 1984 дар Шӯъбаи мубориза бо дуздии моликияти сотсиалистии вилояти Кӯлоб кор кардааст. Пас аз то соли 1992 дар шӯъбаи корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бо мубориза бо дуздии моликияти сотсиалистӣ фаъолият намудааст. Аз соли 1991 ин мақомот ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ табдили ном кард.

Солҳои 1992-1995 сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории мташаккили ВКД ҶТ. Аз моҳи майи соли 1995 ба вазифаи раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъин гардида, дар ин мақом то соли 198 фаъолият кард. «Барои ғайриқаноатбахш иҷро накардани вазифаҳои хидматии худ ва ошкор шудани камбудиҳо дар фаъолияти ин кумита» аз ин мансаб сабукдӯш шудааст.

Дар як вақт аз соли 1995 вакили мардумии Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи рақами 50-и Қиблаӣ буд.

Аз соли 2001 раиси ҳизби ғайрирасмии «Тараққиёт». Як маротиба дар маъракаи интихоботи президентӣ ва якчанд маротиба дар маъракаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон номзадии худро гузошта буд, вале муваффақ нагардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.