Кӯлоб ҷашни 70-солагии нависандаи машҳурашро таҷлил кард

Date:


Дар театри вилоятии мусиқиву мазҳакаи ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар робита ба 70-умин солгарди ҷашни зодрӯз ва 40-солагии фаъолияти эҷодии нависандаи пурмаҳсултарин ва машҳури шаҳр Саид Раҳмон чорабинии идона баргузор шуд.

Барои табрики соҳибҷашн ба театр на танҳо сокинони аҳли зиёву сокинони шаҳри Кӯлоб, балки намояндагони ноҳияи Мӯъминобод, ҳамқаламон аз шаҳри Душанбе ва намояндагони Иттифоқи нависандагони ҶТ низ ҳозир буданд.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Зулайхо Комилова мегӯяд, сохтори дахлдор ва намояндагони ҳукумати шаҳр бо хушнудӣ дар корҳои тадорукоту созмони ин чорабинӣ ширкат варзиданд, зеро ба истеъдоди нависанда қоил буда, интизори нашри китобҳои тозаи муаллифанд.

Ёдрас мекунем, ки танҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ романи таърихӣ дар бораи минтақаи кӯҳистони Ховалинг, роман дар бораи қумондон Аҳмадшоҳи Масъуд ва як қатор повесту ашъори Саид Раҳмон ба дасти чоп расиданд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» соҳибҷашн Саид Раҳмон изҳор кард, ки «то ҳанӯз ҳама чизи дар нақша доштаамро нагуфтаам ва феълан боз рӯйи таҳияи як асари таърихии дигар кор мекунам».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...