Сафири Тоҷикистонро дар ВКХ-и Русия ба ҳузур пазируфтанд

Date:


Бо ташаббуси Русия сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Абдулмаҷид Достиев бо котиб, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Георгий Карасин мулоқот кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хабар дод, ҳалли қобили қабули мушкилоте, ки дар муносиботи дуҷониба рӯйи кор меоянд, аз масоили меҳварии мулоқот маҳсуб меёфт.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба пайдо намудани роҳи ҳалли барои тарафайн қобили қабули мушкилоти марбут ба маҳкум шудани халабони русиягӣ Алексей Садовничий дар Тоҷикистон манфиатдорӣ зоҳир сохтанд.

«Ҷониби Русия сафири Тоҷикистонро мӯътақид сохт, ки маъракаи ихроҷи муҳоҷирини кории тоҷик аз Русия ба ҳеҷ ваҷҳ ба қазияи маҳкум шудани халабони русиягӣ вобаста нест», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related