Афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар шаҳри Турсунзода

Дар вохӯрии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи  шаҳри Турсунзода бо аҳолии ҷамоати деҳоти  Навобод  сарпрокурори шаҳри Турсунзода Баракатулло Камолов гуфт, ки тӯли 9 моҳи соли равон  дар қаламрави шаҳру ноҳия 76 ҳодисаи даст задани шаҳрвандон ба  худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ рӯй додааст. «Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин миқдор ҳодисаи худкушӣ ҳатто дар […]

Иброҳим Абдулхаев


Дар вохӯрии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи  шаҳри Турсунзода бо аҳолии ҷамоати деҳоти  Навобод  сарпрокурори шаҳри Турсунзода Баракатулло Камолов гуфт, ки тӯли 9 моҳи соли равон  дар қаламрави шаҳру ноҳия 76 ҳодисаи даст задани шаҳрвандон ба  худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ рӯй додааст.

«Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин миқдор ҳодисаи худкушӣ ҳатто дар кулли ноҳияҳои вилояти бузургтарини кишвар – Хатлон ҳамагӣ 26 ҳодисаро ташкил медиҳад», – гуфт вай. 

Ба қавли ӯ, аз 76 ҳолати бақайдгирифташуда дар 30 ҳолат шаҳрвандон қасдан, яъне дидаю дониста даст ба худкушӣ заданд, ки  ин ҳодисаҳо ҳангоми санҷиш аз ҷониби мақомоти марбута  пурра тасдиқи худро ёфтааст.

«Аз ҷумла  18 нафар бо роҳи худзаҳролудкунӣ, 8 нафар тариқи худовезӣ, 1 нафар бо роҳи худсузӣ, 1 нафар тавассути ба худ расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ва ҳатто 1 ҷавондухтар тӯли 1 ҳафта 2 бор шишапора истеъмол намуда, ба ҷони худ сӯйқасд намудааст. Дар дигар мавридҳо шаҳрвандон  бо сабаби бемории рӯҳӣ ё надониста истеъмол намудани доруворӣ заҳролуд гардида, мавриди муолиҷа қарор ёфтаанд», – изҳор дошт Б. Камолов. 

Зимни нишаст номбурда аз аҳли нишаст даъват ба миён овард, ки дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҳама гуна қонуншиканиҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкории фаъол бошанд.

Шаҳло Ваҳҳобҷонова, муовини раиси суди шаҳри Турсунзода, дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» гуфт, сабаби асосии даст ба худкушӣ задани занон хушунати оилавӣ, сатҳи пасти зиндагӣ ва надонистани ҳуқуқҳои худ мебошад.  «Мардҳо бошанд, бештар дар ҳолати бемории рӯҳӣ,  рӯҳафтодагии амиқ ба ҷони худ сӯйқасд мекунанд», – илова кард номбурда.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.