Додситонӣ сабукии ҳукми халабонҳоро талаб кард

Мақомоти додситонии вилояти Хатлон ба унвони додгоҳи вилоятӣ нисбат ба ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа бобати парвандаи ду нафар халабонон – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко, ки дар он ин шаҳрвандон ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум шуданд, эътироз ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи назорат аз болои мақомоти додгоҳии додситонии […]

Сайраҳмон Назриев


Мақомоти додситонии вилояти Хатлон ба унвони додгоҳи вилоятӣ нисбат ба ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа бобати парвандаи ду нафар халабонон – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко, ки дар он ин шаҳрвандон ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум шуданд, эътироз ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи назорат аз болои мақомоти додгоҳии додситонии вилояти Хатлон Шоҳрух Раҷабов хабар дод, мақомоти додситонии вилоят ҳукми содиршуда нисбат ба ду нафар халабонон аз ҷониби додгоҳи Қӯрғонтеппаро басо сангин мешуморад.

«Бо назардошти шахсият ва табаъаи кишварҳои шарики стратегии Тоҷикистон будани ин шаҳрвандон, мақомоти додситонии вилоят аз додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа дархост кард, ки ҳукм нисбат ба халабонон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко сабуктар карда шавад», – гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароида, Маскав изҳор кард, ки чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.